Беҳдошт ва назофат аз дидгоҳи имом Ризо (а)
Пайёмбари акрам (с) ҳар шаб се бор шотка мезад (дандонҳояшро мешуст): пеш аз хоб, ҳангоми бархостан барои муноҷоти шаб ва пеш аз рафтан барои намози субҳ, имом Ризо (а), набераи поки пайёмбар (а) дар мавриди аҳамияти назофат ва беҳдошт мефармоянд : покизагӣ ва назофат аз ахлоқи пйёмбар аст.
Беҳдошт ва назофати зоҳир ва бадан аз назари имом Ризо (а) аз аҳамияти вижае бархурдор мебошад. Пас шустушуи бадан, ки рукн ва поя ва асоси беҳдошт мебошад, бояд ҳамвора анҷом шавад.
Имом Ризо (а) дар ҳамин росто мефармояд: Ҳаммом ва шутушуй бояд як рӯз дармиён анҷом шавад. Имом Ризо (а) дар ҷое дигар ҳаммомро дорои фоидаҳо ва манофеъи бисёре дониста ва мефармоянд: Ҳаммом манофеъи зиёд ва қобили таваҷҷуҳе дорад. Мизоҷи одамиро ба эътидол мекашонад. Чирк ва палидиро бартараф мекунад. Рагҳои танро аз кучак ва бузург ҳамаро нарм ва мулоим месозад. Аъзоро тақвият мекунад. Фузулоти баданро зоил менамояд; маводи зоидро зуб ва нобуд мегардонад ва уфунатҳоро аз миён мебарад.