Аҳамияти покизагӣ аз нигоҳи имом Ризо (а)
(last modified Thu, 17 Jan 2019 07:46:16 GMT )
Январ 17, 2019 12:46 Asia/Dushanbe
  • Аҳамияти покизагӣ аз нигоҳи имом Ризо (а)

Имом Ризо (а) пеш аз хурдани ғизо дастони худро мешуст вале хушк намекард ва пас аз ғизо хурдан низ дастони худро мешуст ва бо дастмол хушк мекард.

Яке аз дастуроти беҳдоштии имом Ризо (а) мисвок задан мебошад, чунончи  Муъаммар ибни Халлод гуфт: ҳангоме ки ҳазрати Ризо (а) дар Хуросон буданд, онгоҳ, ки намози субҳро ба ҷо оваранд, дар саҷҷодаи худ менишастанд, то ҳангоме, ки офтоб тулуъ мекард. Сипас барои он  ҷаноб як кисаи сарбаста, ки дар он теъдоде мисвок қарор дошт ҳозир мекарданд ва ҳазрат бо онҳо мисвок мекард ва дар ривояте дигар омадааст, ки имом Ризо (а) пойбанд ба беҳдошти фардӣ буда ва пайваста пас аз сарфи ғизо дасту даҳони худро шуста ва дандонҳоро ҳаррӯз мисвок мекарданд. Аз ин ру зарфе доштанд, ки анвоъи мисвокҳо дар он гирифта буд.