Март 16, 2019 10:32 Asia/Dushanbe
  • Таъини ҷинсияти ҷанин ба сабки Ибни Сино

То наздик шудани рӯзи муоинаи ултрасадоӣ(ультразвук) ва ташхиси ҷинсияти фарзанд тавассути мутахассис, модар бо ташхисҳои мухталифе аз сӯи наздикон ва ошноён ру ба ру мешавад, ки бар асоси оморҳо ва боварҳои қадимӣ ва навиштаҳои Ибни Cино сурат гирифтааст.

Ба гузориши пойгоҳи иттилорасонии шабакаи Хабар, ҳамин ки модаре бордор мешавад гумоназаниҳо барои доштани духтар ё писар шуруъ мешавад, ба хусус агар хонуме фарзанди аввалашро бордор бошад.

Баррасиҳо нишон медиҳанд агар теъдоди зарабони қалби кудак 140 бор дар дақиқа ё бештар бошад фарзанди духтар ва агар зери 140 зарба дар дақиқа ё бештар бошад писар аст. Ҳатто эътиқоде ҳам вуҷуд дорад, ки мегуяд агар зани бордор майли шадиде ба хурдани ғизоҳои шур дошта бошад фарзандаш писар аст ва агар ширинӣ дуст дошта бошад фарзандаш духтар аст.

Дар баъзе матнҳо омада аст писар дар самти рости шиками модар ва духтар дар самти чап қарор мегирад. Агар чи мешавад руйи баъзе аз ин маворид то 80 дарсад ҳисоб кард, вале дар мавориди зиёде ҳам ин боварҳо дуруст нест ва мумкин аст натиҷаи  дуруст  надошта бошад.

Аз онҷо ки муоинаи ултрасадоӣ  2 параметри  муҳим барои итминон дорад метавон роҳат ба он такия кард. Коромадӣ ва равиши эминии он бисёр болост ва ба ҳамин далел тибби сунатт(халқ)ӣ низ ба он итминон мекунад.

Барчасп