Манъи хурдани зиёди тухми мурғ
Имом Ризо (а) дар робита бо хурдани бисёри тухми мурғ фармудаанд, зиёд тухми мурғ хурдан боиси бузургии таҳол ва бодҳо дар сари меъда мешавад пур кардани шикам аз тухми мурғи кабобӣ боиси зайқи нафас ва тангии сина мешавад.
Ҳамчунин мефармояд, тавсия мекунам, ки аз зиёдаравӣ дар хурдани пиёз худдорӣ кунед, зеро пиёзи зиёд ранги нишот ва шодиро аз чеҳра мебарад ва сояе ғамангез ба симо фуру меандозад.
Дар Уюну ахбори Ризо (а), ҷилди 2 аз имом Ризо (а) омадааст, ва ёдовар мешавам, ки бо шиками сер ҳамом нагиред чун сабаби тавлиди қуланҷ мешавад ва истеҳмом бо оби сард пас аз хурдани гушти моҳӣ низ ҷоиз нест чун ин кор бо хатари фалаҷ шудан ҳамроҳ аст.
Имом Ризо (а) ҳамчунин мефармояд, ҳангоми шаб боланг нахуред зеро боланг хурдан дар шаб руи чашмҳо асари номатлуб мегузорад ва мардумакро ба оризаи дурбинӣ таҳдид мекунад.