Июл 14, 2019 09:35 Asia/Dushanbe
  • Назар ба номаҳрам аз дидгоҳи имом Ризо (а)

Бар асоси омӯзаҳои дин, ҳифзи чашм аз назар ба номаҳрам аз арзишҳои волои инсонӣ шуморида мешавад ва нақши асосӣ дар тазкия ва рушди руҳонии ашхос дорад.

Худованд дар сураи Нур онгоҳ, ки ба муъминон дастур медиҳад аз чашми хеш муроқибат кунанд ин амалро мояи тазкияи онҳо муаррифӣ карда ва мефармоянд, ба мардони муъмин бигу чашмони худро аз ончи ҳаром аст фуру банданд ва шикофҳои эмонӣ, руҳонӣ, ахлоқӣ ва фикрии хешро ҳифз кунанд, ин барои онон покезатар ва ба тазкия наздиктар аст.

Ин аз он руст, ки чашм дарвозаи қалб ё ҳамон буъди руҳонии инсонҳост ва қалб низ маҳалли вуруди нури эмон аст. Ҳазрати Алӣ (а) дар ривояте фармуд, чашми ҷосус ва маъмури дил ва номарасони ақл аст. Лизо фарде, ки  ба чашми худ одат ба ҳарзагӣ дода бошад ва ё истилоҳан чашмчаронӣ мекунад, ба таври ҳатм ба мурур дучори қасовати қалб шуда ва ба дунболи он бо чолишҳои мутааддиди рафторӣ ру ба ру мешавад.

Муҳаммад бин Санон мегуяд имом Ризо (а) дар ҷавоби саволоти ман, номае бароям ирсол кард, ки дар фарозе аз он фармуда буданд, нигоҳ ба муҳои занони шавҳардор ва ғайришавҳардор ҳаром аст, зеро ин нигоҳ мардро таҳрик мекунад ва таҳрик фардро ба фасод ва дохил шудан дар ҳаром ва аъмоли нопасандида мекашонад ва ҳамчунин аст ҳукми нигоҳ ба ғайри муҳ, (ки нигоҳи мард ба онҳо ҳалол нест) магар дар мавриде, ки ҳақ таоло (дар Қуръон онро истисно карда ва ) фармудааст, бар занони солхурда, ки аз валодат ва одат бознишаста умеди издивоҷ надоранд боке нест, ки либосҳояшонро ғайр аз чодар бар замин бигузоранд ва ишколе надорад, ки муҳои мисли ин занон нигоҳ шавад.

Имом Ризо (а) дар ин ривоят таҳаюҷи мардро аз табаоти нигоҳи ҳаром муаррифӣ мекунад, ки худ заминасози фасод ва афтодан дар вартаи гуноҳ хоҳад буд.

 

Барчасп