Равишҳои дармонии имом Ризо (а) барои бемориҳои мухталиф-3
Барои таъмини саломати бадан ва ҳифзи тандурустӣ ва низ таваҷҷуҳ ба пешгирӣ аз бемориҳо дар тибби исломӣ равишҳои мухталифе пешниҳод шудааст. Яке аз ин равишҳо Фасддармонӣ аст.
Фасд, боз кардани манфазе кучак дар девораи раг ба василаи нештар аст, ки боиси хуруҷи хилтҳои фосиди бадан бо хуруҷи хун мешавад.
Фасддармонӣ (раг задан) ҳамонанди ҳиҷоматдармонӣ дорои хосиятҳои фаровоне аст. Имом Ризо (а) барои пас аз фасд тавсияҳое доранд, ки риояти онҳо боиси бархурдорӣ аз осори муфиди он бар бадан мешавад. Имом Ризо (а) дар расолаи заҳабия дар ин маврид мефармоянд, пас аз ҳамом кардан бояд мавзеи қасд ва ҳиҷоматро ба василаи порчаи куркӣ ё абрешимӣ ё дасмоли нахӣ, ки латиф ва нарм бошад бипушонед. Пас аз ҳиҷомат ва фасд оби мева бинушед ва агар мева нест шарбати боланг масраф кунед ва дар ҷое, ки ин имконот вуҷуд надорад болангро зери дандон бигиред ва руи он ҷурае оби ширгарм бинушед. Аммо дар фасли сармо бояд сиканҷабини асалӣ истифода шавад, ки ин шарбат шуморо аз бемориҳои хатарнок ба иродаи Худованд эмин хоҳад дошт.
Дар баёни дигари имом Ризо (а): сифориш мекунам, ки пас аз ҳиҷомат ё фасд оби анорро бо макидани он бинушед. Макидани оби анор хунро зинда ва танро бо нишот хоҳад сохт. Пас аз ҳиҷомат ва фасд аз хурдани ғизоҳои намакдор то муддати 3 соат бипарҳезед чун агар ин парҳез муроот нашавад баид нест, ки инсон ба бемории гол ё ҷараб (Scabies) як бемории ангалӣ дучор шавад.