Сентябр 18, 2019 14:26 Asia/Dushanbe
  • Равишҳои дармонии имом Ризо (а) барои бемориҳои мухталиф-4

Барои таъмини саломати бадан ва ҳифзи тандурустӣ ва низ таваҷҷуҳ ба пешгирӣ аз бемориҳо дар тибби исломӣ равишҳои мухталифе пешниҳод шудааст. Яке аз ин равишҳо санг дармонӣ аст.

Дар манобеи исломӣ бо истифода аз ҳадисҳо ва ривоятҳо дар бораи сангшиносӣ ва сифати истифода аз сангҳо бар асоси шинохти табиати онҳо мабҳасҳои мухталифи зиёде матраҳ шудааст.

Имом Ризо (а) дар мавриди хосиятҳои сангҳои мухталиф ва вижагиҳои ҳар кадом сухан гуфтаанд. Аз ҷумла дар бораи таъсири ёқут бар бадан ва эҷоди оромиш а ҳазрати Али ибни мусаРизо (а) нақл шудааст, ки ангуштарини ёқут дар даст кунед, ки парешониро зоил мекунад ва дар ривояти дигаре он ҳазрат фармуданд: ҳар ки ангуштарини ёқут дар даст кунад фақир нашавад ва дар ҳадисе дигар наздик ба ҳамин мазмун мефармояд, ангуштарини ақиқ фақрро аз миён мебарад ва даст карданаш нифоқ ва дуруиро маҳв мекунад.

 

Барчасп