Сентябр 24, 2019 12:41 Asia/Dushanbe
  • Равишҳои дармонии имом Ризо (а) барои бемориҳои мухталиф-5

Барои таъмини саломати бадан ва ҳифзи тандурустӣ ва низ таваҷҷуҳ ба пешгирӣ аз бемориҳо дар тибби исломӣ равишҳои мухталифе пешниҳод шудааст. Яке аз ин равишҳо Атр ва гулдармонӣ аст.

Атр ва гулдармонӣ

Дар ҳеҷ мазҳабе ба андозаи таолими ислом, дар мавриди атрҳои мухталиф назаре ироа нашудааст. Муҳаққиқон дарёфтаанд атрҳо маъмулан ба таври бисёр зариф бар муҳаррикҳои дарунии бадан таъсир мегузоранд ва муҷиби дармон мешаванд ва роиҳаи гул на танҳо метавонад боиси тақвияти ҳофиза ва оромиш шавад балки бар наҳваи сухту сози бадан, системи дифоӣ, афкор ва вокунишҳои огоҳона асар мегузоранд. Имоми ҳаштум (а) мефармояд: шустушӯ додани сар бо гули хатмӣ  дар рӯзи ҷумъа ҷузъи дастуроти пайғамбари ислом (а) аст, илова бар ин дорои хавосе аст монанди ин ки муҳо ва суратро зебо менамояд ва аз сардард пешгирӣ мекунад.

Имом Ризо (а) истифода аз атрро боиси инбисоти руҳӣ дониста мефармояд, барои мард сазовор нест, ки истифодаи ҳаррӯза аз буи хушро тарк кунад пас агар натавонист як рӯз дар миён ва боз агар натавонист дар ҳар ҷумъа худро хушбу созад ва ҳеҷгоҳ ин амалро раҳо накунад.

 

Барчасп