Равишҳои дармонии имом Ризо (а) барои бемориҳои мухталиф-6
https://parstoday.ir/tg/radio/uncategorised-i47371-Равишҳои_дармонии_имом_Ризо_(а)_барои_бемориҳои_мухталиф_6
Барои таъмини саломати бадан ва ҳифзи тандурустӣ ва низ таваҷҷуҳ ба пешгирӣ аз бемориҳо дар тибби исломӣ равишҳои мухталифе пешниҳод шудааст. Яке аз ин равишҳо Рангдармонӣ аст.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Октябр 08, 2019 10:54 Asia/Dushanbe
  • Равишҳои дармонии имом Ризо (а) барои бемориҳои мухталиф-6

Барои таъмини саломати бадан ва ҳифзи тандурустӣ ва низ таваҷҷуҳ ба пешгирӣ аз бемориҳо дар тибби исломӣ равишҳои мухталифе пешниҳод шудааст. Яке аз ин равишҳо Рангдармонӣ аст.

Рангдармонӣ

Рангҳо ба шеваҳои мухталифе бар зеҳн ва руҳу ҷисми инсон таъсир мегузоранд, ки тамоми ин таъсирот ва сифати ҳосила аз онҳо дар рангдармонии тибби ҷомеи исломӣ баҳс шудааст.

Дар рангдармонии исломӣ эътиқод бар ин аст , ки бисёре аз бемориҳоро метавонад фақат бо истифода аз ранг дармон кард. Албатта ин дармон бояд бо мурооти тамоми қоидаҳо ва усули рангдармонии исломӣ анҷом шавад ва дар бораи таъсири ранги сабз бар бадан ва эҷоди нишот ва оромиш дар ривояте аз имом Ризо (а) нақл шуда, ки фармуд : буи хуш, асал, саворкорӣ ва нигоҳ ба манозири сарсабз ва хуррам, боиси нишоту шодӣ мешавад.