Декабр 18, 2019 09:28 Asia/Dushanbe
  • Тавсияҳои пизишкии Имом Ризо (а) барои моҳи аввали зимистон

Имом Ризо (а) тавсияҳоеро барои хурдани ғизои саҳеҳи махсуси ҳар моҳ мутазаккир шудаанд ва дар ин бора Имом Ризо (а) дар рисолаи "Заҳабия" бар хилофи шеваи роиҷ, ки пардохтан ба хусусиёти ҳар фасл аст, ба хусусиёти ҳар моҳ ва тадбири ҳар як аз моҳҳо мепардозанд ва баъд аз он баҳси нӯшидании махсусро пеш мекашанд ва равиши таҳияи онро тавзеҳ медиҳанд ва хосияти онро мешуморанд.

Имом Ризо (а) дар тавсияҳои пизишкии худ дар мавриди роҳҳои ҳифзи саломатӣ дар моҳи аввали зимистон мефармоянд: "Бояд аз таомҳое бо табиати сард парҳез карда, ғизоҳои бо табиат ва дараҷаи ҳарорати гарм масраф намоем, аз ҳиҷомат иҷтиноб кунем, об дар шаб нахурем, ҷуръае оби гарм ҳар рӯз, аввали субҳ бинӯшем ва аз хӯрдани сабзиҷоти карафс, наъноъ, таратезак (шоҳӣ) парҳез кунем".

Бо шурӯи фасли зимистон сармохурдагӣ ва зукком ба авҷ мерасад. Имом Ризо (а) барои пешгирӣ аз ин беморӣ дар фасли зимистон мефармоянд, ҳар кас мехоҳад дар ҳамаи зимистон аз зукком эмин бимонад, ҳар рӯз се луқма асал бо муми он бихурад.

Яке аз маводи ғизоии муносиб барои ин моҳ чормағз аст. Имом Ризо (а) фармуданд: "Хӯрдани гирдӯ (чормағз) дар тобистон сабаби гармӣ ва ҳарорати ҷисм мешавад ва муҷиби пайдоиши кӯрак ва ҷавишҳои чиркин дар бадан мегардад, аммо масрафи он дар зимистон гурдаҳоро гарм нигаҳ медорад ва сардиро аз бадан дафъ мекунад".

Имом Ризо (а) ҳамчунин дар тавсияе дигар мефармоянд: "Дар фасли зимистон аз утоқи гарм ба ҳавои сард ва озод қадам нагзоред" ва барои раҳоӣ аз мушкилоти сармохурдагӣ дар моҳҳои сард фармуданд: "Гули наргис бибуед, буйидани ин гулро ба таври доим анҷом диҳед то аз шарри сармохурдагӣ дар амон бошед. Ҳамчунин бӯидани сиёҳдона одамиро аз сармохӯрдагӣ эмин медорад".

Мутобиқи омӯзаҳои Имом Ризо (а) дар фасли зимистон ҳаммом кардан  дар ҳар бомдод хуб аст ва масрафи моҳии тозаву шир ва варзиш тавсия шуда ва барои раҳоӣ аз сардард фармуданд: "Хӯрдани моҳии тозаро фаромӯш накунед, ҳар кас аз дарди шақиқа ва шикамдард метарсад,  набояд дар зимистон ва тобистон хӯрдани моҳии тозаро ба таъхир андозад".

Барчасп