Зоири хориҷӣ
(last modified Mon, 23 Dec 2019 05:02:37 GMT )
Декабр 23, 2019 10:02 Asia/Dushanbe
  •  Зоири хориҷӣ

Хотироти зоирони ҳарами ҳазрати Алӣ ибни Мӯсо-ар-Ризо алайҳис-салом

 Намедонам чӣ розе дар ин водӣ нуҳуфтааст, ки ҳар, кӣ қадам дар ин макони муқаддас ( ҳарами Имом Ризо (а)) мегузорад он қадар энергии мусбат дар худ эҳсос мекунад, ки бо ҳар, кӣ мувоҷеҳ мешавад таҳти таъсир қарор мегирад ва рӯҳаш парвоз талаб мекунад. Ё олими оли Муҳаммад (с) ,эй, ки ҳар касе, аз ҳар ҷо боз мемонад нохудогоҳ ҷумлаи”Ё зомини оҳу!” бар лабонаш ҷорӣ мешавад ва оҳуи чашмонаш ҳамеша дар масири Машҳади муқаддас раҳ месупорад ва хотироти осмонӣ, аз лаҳзаҳои зебои ҳузур дар дашти бекарони каромати ту эй меҳрубонтарин дар вуҷудаш шакл мегирад.

 Як рӯз дар равоқи муборакаи Дорулсаъода машғули анҷоми вазифа будам. Рӯй зинаҳо хонуме нишаста буд бо чодари рангӣ,аммо дили шаффоф ва андешае ‍жарф ва ончунон ғарқ дар розу ниёз бо мавлои хеш буд, ки гӯӣ муддатҳост аз ин дунёи хокӣ бурида ва бар фарози абрҳои тахайюл дар парвоз аст. Эҳсос кардам намешавад музоҳимаш шуд. Чанд дақиқае гузашт вақте каме ором гирифт наздаш рафтам ва ҷуёи ҳолаш шудам. Хушҳол шуд ва дар ҷавоб гуфт ман аз Амрико омадаам. Хоҳарам бемори саратон дорад. Пизишкон ҷавобаш кардаанд. Яке гуфт: Шумо бирав ба Эрон, зиёрати оқо Имом Ризо(а), ки пизишки ҳозиқ ҳастанд. ( Бирав, беҷавоб барнамегардӣ ) Чеҳраи боронияшро бо дастмол хушк кард ва дар ҳоле ки ҳиқ-ҳиқи гиря амонаш намедод изофа кард ҳоло омадаам аз Худо шифои хоҳарамро бигирам. Дар ҳоле ки саъй мекардам бо суханонам обе бар оташи дарунаш бирезам, гуфтам ҳатман ҳамин тур аст ба изни Худо оқо Имом рауф ҳастанд умедатонро ноумед намекунанд ва ҳоҷататонро раво хоҳанд кард.

 Ёдам омад як тикка наботи мутабаррик дар ҷайб дорам, ки оқои Ризвонӣ, пирамарди олиме, ки яке аз ходимони оқо буданд ва ағлаб ҳангоми намози субҳ ба хелеҳо наботи мутабаррик медоданд ва барои онон, ки эътиқод доштанд ин наботҳо бар дардҳо дору буд, ба ман дода буданд. Ба он бонуи дилшикаста додам ва гуфтам: Мутмаин бошед имоме, ки шуморо аз Америка талабидаанд шуморо дасти холӣ барнамегардонанд. Чанд дақиқае сӯҳбат кардем, ӯ хушҳол шуд ва рафт.

 Ду сол аз ин ҷараён гузашт боз бар ҳасби иттифоқ ман дар равоқи муборакаи Дорулсаъода дар ҳоли анҷоми вазифа будам дидам хонуме хеле нигоҳ мекунад. Машғул роҳнамоии зоирин будам. Вақте каме давру барам хилват шуд наздик омад ва салом кард ва пурсид маро мешиносед? Дар ҷавоб гуфтам:Мо ҳама зоирони оқоро ба як шакл мебинем ва мешиносем вале мавриди хоссеро ба ёд надорам. Амратонро бифармоед. Шодии зоидулвасфе дар нигоҳаш медурахшид. Маро дар оғӯш гирифт ва дар ҳоле, ки ҷараёнро таъриф мекард ҳар ду ашк мерехтем; У аз хушҳолӣ ва шифои хоҳараш ва ман аз раъфат ва инояти ва каромати мавлоямон, ки агарчи ғариб аст, аммо дардошност.....

  Нависанда: Хадиҷа Соҳибъалам