Моҷарои тасодуфам
https://parstoday.ir/tg/radio/uncategorised-i49376-Моҷарои_тасодуфам
Хотироти зоирони ҳарами ҳазрати Али ибни муса Ризо (а)
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Декабр 24, 2019 10:40 Asia/Dushanbe
  • Моҷарои тасодуфам

Хотироти зоирони ҳарами ҳазрати Али ибни муса Ризо (а)

Панҷ сол пеш дар роҳи омадан ба ҳарами мутаҳҳари разавӣ бо автобус тасодуф кардам. Дар асари тасодуф руи асфалти хиёбон афтодам ва автобус аз руи ду поям рад шуд ҳама гуфтанд ду поямро аз даст додам, вале вақте ба бемористон расидем, доктор маро аз санҷиш гузаронд ва гуфт фақат каме устухонҳоям ҷағиданд. Ҷаллал холиқ! Худоё магар мешавад автобус аз руи ду поям бигзарад магар мешавад ин магар ба ҷӯз муъҷизаи оқо ва мавлои меҳрбонам аст, ки поҳои маро ба ман бозгардонд.

Бале баъд аз ду моҳ истироҳат поҳоям хуб шуд ва тавонистам бори дигар бо ҳамин поҳо роҳ биравам ва хидмати оқо биравам. Ва ин бовар карданӣ набуд вале барои ман як муъҷиза ва инояте аз тарафи оқоям имом Али ибни муса Ризо (а) буд. Ҳаргиз лутфашро фаромуш нахоҳам кард ва то тавон дорам агар лоиқ бошам дар хидмати мавлоям хоҳам буд.

Нависанда: Хадиҷа Соҳибъалам