Чойи доғ – балои ҷон
https://parstoday.ir/tg/radio/uncategorised-i49838-Чойи_доғ_балои_ҷон
Нӯшидани чойи доғ ё ба истилоҳ лабсӯз саратонзост.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 09, 2020 12:50 Asia/Dushanbe
  • Чойи доғ – балои ҷон

Нӯшидани чойи доғ ё ба истилоҳ лабсӯз саратонзост.

Бинобар натоиҷи таҳқиқоти Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ, нӯшиданиҳои ниҳоят гарм ё сӯзон ба иллати гармии зиёдашон яке аз авомили эҳтимолии саратон мебошанд. Ин дар ҳолест, ки дар бисёр ҷойҳо  нӯшидани чойи доғ ё худ ниҳоят гарм ба як фарҳанг табдил шудааст. Бинобар ин фарҳангсозӣ ҷиҳати парҳез аз масрафи чойи доғ як амри зарурист.

Вуҷуди нитрат дар об ва истифода аз он ба унвони моддаи нигаҳдоранда дар маводи ғизоӣ саратонзо аст. Биринҷ ё моҳие, ки дар дуд пухта мешавад, низ хӯрокҳои эмине нестанд ва собит шуда, ки ин навъи хӯрокҳо бо бисёре аз иллатҳое, ки боиси ба вуҷуд омадани саратон мешаванд, пайванд ҳастанд.