Апрел 21, 2020 12:40 Asia/Dushanbe
  • Тавсияҳои имом Ризо (а) барои рӯзҳои поёнии моҳи шаъбон

Ҳазрати имом Ризо алайҳиссалом дуои зебоеро дар охирин рӯзҳо ва шабҳои моҳи мубораки шаъбон ба мо омӯхтааст.

Моҳи мубораки шаъбон ба рӯзҳои поёнии худ наздик шудааст, моҳе, ки пайёмбари акрам (с) дар бораи он фармуд: Моҳи шаъбон, «шаъбон» номида шуд, зеро рӯзиҳои муъминон дар ин моҳ қисмат мешавад.

Ин моҳ аз он ҷиҳат дорои аҳамият аст, ки фурсате руҳӣ ва маънавӣ ҷиҳати омодагӣ барои вуруд ба боарзиштарин моҳи сол яъне моҳи мубораки Рамазон фароҳам мекунад.

Дар ин вопасин рӯзҳо ва шабҳои ин моҳи муборак шоистааст ин омӯзаи бузурги имом Ризо алайҳиссалом, ки худ низ ба он муқаяд будаанд, мавриди таваҷҷуҳамон бошад то баҳонае бошад ба даргоҳи илоҳӣ барои нузули тавфиқот ва муҳаббатҳои бештар бар бандагон.

Абосалти Ҳиравӣ ривоят карда: Дар ҷумъаи охири моҳи шаъбон хидмати ҳазрати Ризо алайҳиссалом расидам, ҳазрат фармуд: Эй Абосалт бештари моҳи шаъбон гузашт ва ин рӯзи ҷумъаи охири он аст, пас тадорук бин дар анҷоми он чи аз ин моҳ боқӣ монда ва кӯтоҳиҳое, ки дар гузаштаи ин моҳ кардаӣ ва бар ту бод, ки бар он чи барои ту судманд аст рӯй оварӣ ва бисёр дуо ва истиғфор карда ва Қуръон тиловат кун ва аз гуноҳони худ ба сӯи Худо тавба кун то вақте моҳи муборак фаро расад, худро барои Худо холис карда боши, ва амонат ва ҳаққи касеро бар уҳдаи худ магузор магар он ки адо кунӣ ва дар дили хеш кинаи касеро вомагузор магар он ки берун кунӣ ва гуноҳеро мгузор ҷуз он ки тарк кунӣ ва аз Худо битарс ва дар умури пинҳон ва ошкори худ, бар ӯ таваккал кун, ки ҳаркас бар Худо таваккал кунад, Худо ӯро бас аст ва дар боқимондаи моҳ ин дуоро бисёр бихон:

"اللَّهُمَّ إِنْ لَمْ تَکُنْ غَفَرْتَ لَنَا فِیمَا مَضَى مِنْ شَعْبَانَ فَاغْفِرْ لَنَا فِیمَا بَقِی‏ مِنْه"

Худоё агар моро дар рӯзҳое, ки аз моҳи шаъбон гузашт набахшидӣ пас моро дар боқимондаи он биёмурз.”

Ба дурустӣ, ки ҳаққ таоло дар ин моҳ, бандаҳои бисёреро ба хотири ҳурмати моҳи мубораки Рамазон, аз оташи дузах бираҳонад.

 

Барчасп