Апрел 10, 2021 09:34 Asia/Dushanbe
  • Тавсияи Имом Ризо (а) барои рӯзҳои поёнии Шаъбон

Абуссалти Ҳиравӣ ривоят кардааст, ки дар ҷумъаи охири моҳи Шаъбон ба хизмати ҳазрати Имом Ризо ( алайҳи-с-салом ) рафтам .

Имом Ризо ( алайҳи-с-салом ) фармӯд : Эй  Абуссалт аксари моҳи шаъбон рафт ва ин ҷумъаи охири он аст; пас тадорук ва ҷуброн кун дар он чӣ аз ин моҳ мондааст кутоҳиҳоеро, ки дар айёми гузаштаи ин моҳ кардаӣ ва бар ту бод, ки бар ончӣ нофърасон аст барои ту рӯй оварӣ ва дуъову истиғфор бисёр куну таловати Қуръони маҷид бисёр кун ва тавба кун ба сӯи Худо аз гуноҳони худ, то онки  чун моҳи муборак дарояд  холис гардонида бошӣ худро барои Худо ва магузор дар гардани худ амонату ҳақ касеро магар онки адо кунӣ ва магузор дар дили худ кина касеро магари онки берун кунӣ ва магузор гуноҳеро, ки мекардаӣ магар онки тарк кунӣ ва аз Худо битарс ва таваккул кун бар Худо дар пинҳону ошкори умури худ ва ҳар ки бар Худо таваккул кунад, Худо ӯро бас аст .

    Ва бисёр бихон дар бақияи ин моҳ ин дуъоро :

اَللّهُمَّ اِنْ لَمْ تَکُنْ غَفَرْتَ لَنا فیما مَضى مِنْ شَعْبانَ فَاغْفِرْ لَنا فیما بَقِىَ مِنْهُ

  (Худоё агар дар он қисмат аз моҳи Шаъбон, ки гузаштаи моро наомурзидаӣ дар он қисмат, ки аз ин моҳ монда биёмурзадамон .)

 

Барчасп