Декабр 29, 2022 10:16 Asia/Dushanbe

30 декабр баробар аст бо солрӯзи ҳузури ошӯроии мардуми ҳамосасозу вилоятмадори Эрон дар роҳпаймоии 9 дайи соли 1388 ҳиҷрии шамсӣ, ки нуқтаи атфе дар таърихи инқилобу барги заррини дигаре дар ифтихороти мардуми Эрони исломӣ маҳсӯб мешавад.

Нуҳуми дайи соли 1388 (30 декабри 2009), ёдовари роҳпаймоии миллионии мардуми Эрон дар эъломи бароат(безорӣ), аз сохторшиканони ҷомеъа ва посӯхе қотеъ ба фитнагароне буд, ки ба баҳонаи тақаллуб дар даҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон, масири бероҳаро дар пеш гирифта буданд.

Нуҳуми дай дар таърихи Инқилоби Исломӣ бо унвони рӯзи «басират» табдил ба явмуллоҳ ва мондагор шуд.

"Достони як ҳамоса" вижабарномае аст, ки ба ҳамин муносибатдар радиои тоҷикии Садои Хуросон таҳия  шуда аст.