Ҷустуҷу
-
Nov 28, 2019
Нахустин ҷаласаи Кумитаи созмондеҳии конфронси “Об барои рушди пойдор” ва нишасти сарони Созмони Ҳамкории Шанхай дар Душанбе баргузор шуд. Ба гузориши “Форс”, ҷаласаи мазкур ба раёсати Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон баргузор шуд.
-
Nov 28, 2019
Мубодилоти тиҷории Тоҷикистон бо Афғонистон аз ағози имсол 45 дарсад ва бо Швейтсария 19 баробар афзоиш ёфтааст.
-
Nov 28, 2019
Ҳукумати Тоҷикистон барои афзоиш наёфтани қарзи хориҷии ин кишвар аз 3,5 миллиард доллар дар 3 соли оянда барномарезӣ кардааст.
-
Nov 28, 2019
Сомонаи хабаргузории “Осиёи Марказӣ” ("CА-News") дар Тоҷикистон масдуд шуд.
-
Nov 28, 2019
Ду шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ба иттиҳоми таблиғи фаъолиятҳои террористӣ боздошт шуданд.
-
Nov 28, 2019
Бузургтарин масҷиди Тоҷикистон бо сафари амири Қатар гушуда хоҳад шуд.
-
Nov 27, 2019
Ожонси давлатии омори Тоҷикистон аз содироти барқи ин кишвар тайи 9 моҳи соли ҷорӣ ба арзиши молии 89 миллион доллар хабар дод.
-
Nov 26, 2019
Намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз мушорикати 13 кӯдак дар ҳамлаи хунин ба посгоҳи марзии ин кишвар дар шаби 7-уми ноябр хабар дод.
-
Nov 26, 2019
Русия бо ҳадафи дифоъ дар баробари мушакҳои “Круз” пойгоҳи низомии худ дар Тоҷикистонро бо насби ҷадидтарин истгоҳи ирсоли паразит ва ҷанги электронии "Поле-21" тақвият мекунад.
-
Nov 26, 2019
Раиси Ҳизби демократӣ ва намояндаи парлумони Тоҷикистон аз раисҷумҳури ин кишвар хост, ба ҷазби иҷбории ҷавонон ба хидмати низомӣ поён диҳад.
-
Nov 26, 2019
Раисҷумҳури Тоҷикистон ба Бишкек ва Тошканд сафар мекунад.
-
Nov 26, 2019
Мудирияти Бонки рушди Осиё бо ихтисоси кумаки бебозгашти 10 миллиондолларӣ барои рушди бахши гардишгари(сайёҳи)и Тоҷикистон мувофиқат кард.
-
Nov 26, 2019
Коршиносони тоҷик дар мавриди сармоягузории ширкатҳои аврупоӣ дар Тоҷикистон шубҳа доранд.
-
Nov 25, 2019
Сафири Тоҷикистон дар Ҳинд бо вазири энержии ин кишвар дидор ва масоили марбут ба ҳамкории ду кишвар дар ҳавзаи энержиро баррасӣ карданд.
-
Nov 25, 2019
Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи башари Созмони Миллали Муттаҳид аз ҳукумати Тоҷикистон дархост кардааст, ки ба ду нафар аз шаҳрвандони ин кишвар, ки бедалел шиканҷа шудаанд, ҷубронпулӣ бипардозад.
-
Nov 25, 2019
Дар буҷаи ҳукумати Тоҷикистон барои соли 2020, ки ахиран аз сӯи Маҷлиси намояндагони ин кишвар тасвиб шуд, арзиши як доллар 10 сомониву ду дирам таъйин шудааст.
-
Nov 25, 2019
Сарони кишварҳои узви Созмони паймони амнияти ҷамъӣ тайи рӯзҳои 27 ва 28 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Бишкек-пойтахти Қирғизистон чанд мавзӯъи муҳим аз ҷумла авзоъ дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистонро баррасӣ хоҳанд кард.
-
Nov 24, 2019
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ду нафар аз кормандони як ширкати эъзоми нерӯи кор ба хориҷ мавсум ба Гардунаро ба иттиҳоми кулоҳбардорӣ аз 231 шаҳрванди ин кишвар ба 8 сол зиндон маҳкум кард.