Дидори сафири Тоҷикистон бо вазири энержии Ҳиндустон
Сафири Тоҷикистон дар Ҳинд бо вазири энержии ин кишвар дидор ва масоили марбут ба ҳамкории ду кишвар дар ҳавзаи энержиро баррасӣ карданд.
Ба гузориши Форс, Султон Раҳимзода, сафири Тоҷикистон дар Ҳинд бо Раҷ Кумар Сингҳ, вазири энержӣ, манобеи ҷадид ва таҷдидпазири ин кишвар дидору гуфтугӯ кард. Дар ин мулоқот масоили марбут ба ҳамкории ду кишвар дар заминаи энержӣ аз ҷумла ширкат дар тавсеаи тавонмандии энержии обии Тоҷикистон барои тавсеаи бештари саноат аз тариқи пружаҳои сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таомулоти ду кишвар дар заминаи иҷрои пружаҳо дар заминаи манобеи таҷдидпазири энержӣ бавижа нерӯгоҳҳои хуршедӣ, табодули таҷруба ва омӯзиши мутахассисон, аз ҷумлаи дигар мавзуоте буд, ки тайи ин мулоқот баррасӣ шуд. Тарафайн ба вуҷуди потансиали бузурге дар заминаҳои мавриди баҳс, ишора ва барои тавсеаи бештари ҳамкорӣ бар ин асос ибрози алоқамандӣ карданд. Тоҷикистон ва Ҳинд дорои таҷрубаи ҳамкорӣ дар ҳавзаи энержӣ мебошанд, дар соли 2012 милодӣ бо ҳимояти молии беш аз 20 миллиондолларии давлати Ҳинд нерӯгоҳи барқи обии Варзоби Тоҷикистон навсозӣ шуд. Тоҷикистон ҳамчунин дар назар дорад то аз тариқи пружаи КАСА-1000, барқи мозоди худро ба Покистон ва Ҳиндустон мунтақил кунад.