Сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба Бишкек ва Тошканд
Раисҷумҳури Тоҷикистон ба Бишкек ва Тошканд сафар мекунад.
Раисҷумҳури Тоҷикистон тайи ҳафтаи ҷорӣ ба манзури ширкат дар нишасти Созмони паймони амнияти ҷамъӣ ва иҷлоси мушовираии сарони кишварҳои Осиёи марказӣ ба Бишкек ва Тошканд сафар мекунад.
Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз Форс, Эмомалӣ Раҳмон-раисҷумҳури Тоҷикистон ҳафта ҷорӣ ба Қирғизистон ва Узбакистон сафар мекунад.
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар таърихи 28 ноябр ба Бишкек сафар ва ҳамроҳ бо раисони ҷумҳури Русия, Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон ва нахуствазири Арманистон дар нишасти Шӯрои амнияти Созмони паймони амнияти ҷамъӣ ширкат мекунад.
Дастури кори ин нишаст тадвини пешнависи тасмими Шӯрои паймони амнияти ҷамъӣ дар мавриди феҳристи иқдомоти мутамаркиз бар коҳиши таниш дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон мебошад.Дар чорчуб ин нишаст раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин мулоқотҳои дуҷонибае анҷом хоҳад дод.
Баъд аз нишасти Бишкек раисҷумҳури Тоҷикистон ба манзури ширкат дар нишасти ғайррасмии сарони кишварҳои Осиёи марказӣ ба Тошканд сафар мекунад.
Дар поёни нишасти ғайррасмии сарони кишварҳои Осиёи марказӣ дар Узбакистон санади ниҳоии ин нишаст тасвиб мешавад.