Ҷустуҷу
-
Apr 29, 2017
Шабакаи бонкии Тоҷикистон ба далели камбуди манобеи молӣ ва нотавонӣ дар пардохти амонатҳо ва супурдаҳои шаҳрвандони ин кишвар бо буҳрони шадиди молӣ рӯбарӯ аст.
-
Apr 27, 2017
Бонки миллии Тоҷикистон аз афзоиши мизони таваррум дар ин кишвар, тайи 12 моҳи ахир хабар дода таъкид кардааст, ки ин шохис дар ояндаи наздик низ ғайри қобили коҳиш мебошад.
-
Apr 27, 2017
Хабари боздошти кормандони Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон, ин рӯзҳо ба муҳиммтарин мавзуи рӯз дар ин кишвар бадал шуда ва дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври густурдае мунташир шудааст.
-
Apr 27, 2017
Бонки миллии Тоҷикистон мегуяд, ки дар 12 моҳи ахир сатҳи таваррум дар ин кишвар ба 7.3 дар сад баробар шудаст, ки он дар қиёс ба давраи мушобеҳи соли гузашта 1.4 дар сад зиёд аст.
-
Apr 27, 2017
Маркази миллии сабти ихтироъ ва иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, беҳтарин мухтареъи соли 2015-2016 кишварро интихоб кард.
-
Apr 27, 2017
Вазири дифои Тоҷикистон аз ироаи тарҳи хидмати ҳарбии қарордодӣ дар артиши ин кишвар, ба давлати ин ҷумҳурӣ хабар дод.
-
Apr 26, 2017
Раиси Ожонсии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон аз додан тавзеҳ дар бораи боздошти 17 корманди ин ниҳод ба баҳонаи сиррӣ будани мавзуъ худдорӣ кардааст.
-
Apr 26, 2017
Дар дидори мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти умумии Чин дар шаҳри Душанбе, мавзӯи ҳамкориҳои дуҷониба ва авзои амниятии минтақа мавриди баррасӣ қарор гирифт.
-
Apr 25, 2017
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо генерал Ҷозеф Вотел, фармондеҳи Ситоди марказии Амрико дар Кохи Миллати шаҳри Душанбе дидору гуфтугӯ кард.
-
Apr 25, 2017
Дар дидори раисҷумҳури Тоҷикистон бо як масъули баландпояи артиши Амрико дурнамо ва тақвияти ҳамкориҳои низомӣ миёни ду кишвар баррасӣ шудааст.
-
Apr 25, 2017
Як манбаи русӣ бо истинод ба изҳороти мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон имрӯз эълом кард, Содиқ Ортиқов, яке аз муттаҳамон дар тарроҳии амалиёти террористӣ дар метрои шаҳри Санкт-Петербург шаҳрванди Тоҷикистон набудааст.
-
Apr 25, 2017
Ҳукумати Амрико тасмим дорад, мизони кумакҳои ин кишвар ба бархе аз кишварҳои дар ҳоли рушд, аз ҷумла Тоҷикистонро коҳиш диҳад.
-
Apr 24, 2017
Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон мақомоти кишварро ба омодасозии мутахассисоне муваззаф кардааст, ки дар ҷангҳои иттилоотӣ-идеологӣ тавонанд мубаллиғони қудратманди ифротгароӣ ва терроризмро шикаст диҳанд.
-
Apr 24, 2017
Вазорати молияи Тоҷикистон аз касри буҷаи давлати ин кишвар, тайи 3 моҳи нахусти соли ҷорӣ хабар дод.
-
Apr 24, 2017
Кормандони расонаҳои давлатӣ дар Тоҷикистон муваззаф шудаанд, тамоми лақабҳо ва унвонҳои раисиҷумҳури ин кишварро дар ахбор ва гузоришҳои худ зикр кунанд.
-
Apr 24, 2017
Мақомоти Вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон аз сафари ҳайате аз идораи ҳавопаймоии ин кишвар ба Русия, пас аз вақфаи 10 рӯза- дар музокироти ҷонибҳо барои поён додан ба ихтилофоти парвозӣ, миёни Душанбе ва Маскав хабар доданд.
-
Apr 23, 2017
Шуморе аз ронандаҳои мошинҳои боркаши Афғонистон, ба иллати адами дарёфти виза аз давлати Тоҷикистон, мақомоти ин кишварро ба масдуд кардани масири Қундуз ба Тоҷикистон таҳдид карданд.
-
Apr 23, 2017
Бонки миллӣ ва Кумита андози Тоҷикистон ба масъулини 301 маркази тиҷорӣ ва хадамоти умумии ин кишвар 25 рӯз муҳлат додаанд, ки барои насби дастгоҳҳои кортхон (ПОС терминалҳои электронӣ) иқдом кунанд ва дар акси ҳол, ба пардохти ҷаримаи молӣ маҳкум хоҳанд шуд.