Ҷустуҷу
-
Jun 22, 2018
Девони байналмилалии кайфарӣ (Гаага) бо судури баёния ва таъйини замони маҳдуд хостори он шуд, ки давлати Миёнмор ба иттиҳомот дар бораи ҷиноятҳои густурда алайҳи мусулмонони Руҳингиё ва овора кардани садҳо ҳазор нафар аз онҳо посух диҳад.
-
Jun 22, 2018
Ширкатҳои амрикоӣ ва аврупоӣ бо истихроҷи ғайриқонунии маъданҳо дар Афғонистон ба сандуқҳои молии гурӯҳҳои террористӣ аз ҷумла ДИИШ дар Афғонистон кумак мекунад.
-
Jun 21, 2018
Мавзӯи асосӣ дар Конфронси 10 сола ва байналмилалии “Об барои рушди пойдор 2018-2028”, ки рӯзи чаҳоршанбе (20 июн)дар шаҳри Душанбе оғоз бакор кард ва то ду рӯз идома дорад, андешидани тадобири амалӣ барои ҳифзи манобеи обӣ аст.
-
Jun 21, 2018
Вазири нефти Эрон гуфт, талоши Амрико барои фишор овардан бар Эрон, муҳиммтарин омили рушди қимати нефт дар ҳафтаҳои ахир будааст.
-
Jun 21, 2018
Мудирияти тарҳи КАСА-1000 барои мушаххас кардани мушовири сохти ду истгоҳи барқи фишори қавӣ дар Тоҷикистон ва Покистон, тендер эълом кардааст.
-
Jun 20, 2018
Амрико аз як ниҳоди байналмилалии дигар хориҷ шуд. Ин бор навбат ба Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони милал, аслитарин ниҳодb расидагӣ ба мавзуоти ҳуқуқи башари зери назари бузургтарини созмони ҷаҳонӣ расид, то давлати Амрико аз он хориҷ шавад.
-
Jun 20, 2018
Раиси иҷроии ҷумҳурии исломии Афғонистон дар Конфронси байналмилалии «Об барои тавсеа пойдор», ки дар шаҳри Душанбеи Тоҷикистон баргузор шуд, ширкат ва суханронӣ кард.
-
Jun 20, 2018
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллерро ба ҳузур пазируфт.
-
Jun 20, 2018
Интиқодҳои фаровон ба барномаи тафреҳӣ, ки Созмони тафреҳоти Арабистон барои иди Фитр тадорук дида буд, раиси Шӯрои идории ин созмонро аз кор барканор кард.
-
Jun 20, 2018
Амрико дар ростои ҳимоят аз режими саҳюнистӣ, аз Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид хориҷ шуд.
-
Jun 19, 2018
Кумитаи назорат бар интихоботи Покистон раисҷумҳури собиқи ва раиси Ҳизби муттаҳидаи Карочии Покистонро ба далели ҳузур наёфтани онҳо дар ҷаласоти додгоҳ радди салоҳият кард.
-
Jun 19, 2018
Додгоҳи ҳарбии вилояти Суғд корманди собиқи РВКД Суғд Латифҷон Юлдошевро ба 13 сол ва корманди собиқи шуъбаи амнияти миллии ноҳият Ашт Муҳаммад Наимовро ба 12 соли зиндон маҳкум кард.
-
Jun 19, 2018
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Лю Чжэнмин дидор намуд.
-
Jun 19, 2018
Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати дифои Афғонистон, бисёре аз аъзои Толибон, ки дар рӯзҳои оташбас вориди манотиқи ин кишвар шуда буданд, ба қароргоҳҳои худ барнагаштаанд.
-
Jun 19, 2018
Додгоҳи низомии вилоят Суғд бо поёни баррасии парвандаи ду афсари мазнун дар шиканҷаи як узви собиқи Ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон, ки мӯҷиби худкушии ӯ шуд, ба машварат барои судури ҳукм пардохт.
-
Jun 18, 2018
Театри давлатии мусиқии Узбакистон ба номи Муқимӣ, аз 29 июн то 2-уми июл дар Тоҷикистон ҳузур хоҳад дошт.
-
Jun 18, 2018
Як ширкати чинӣ қарор буд, дар соли 2015 сохти маҳаллаи маскунии ҷадидеро бо номи шаҳраки Чин, дар шаҳри Хуҷанд оғоз кунад, ки бо гузашти 3 сол ҳанӯз ҳам аз амалиётӣ шудани ин тарҳ хабаре нест.
-
Jun 17, 2018
Дар Тоҷикистон муҷозот барои ришваситонӣ сангинтар шудааст.
-
Jun 17, 2018
Яке аз фармондеҳони аршади пешини иттилоотии Исроил мегӯяд, ки аввалин ҳадафи ҳамалоти сайберӣ дар ҷанги отӣ бо Эрон бояд зерсохтҳои энержии онҳо бошад.
-
Jun 17, 2018
Раисҷумҳури собиқи Афғонистон таъкид кард, дар даврони ҳукумати вай, Амрико бисёр фишор ворид кард, то равобит бо ҷумҳурии исломии Эронро қатъ кунам.