Ҷустуҷу
-
Jan 27, 2018
Додситони шаҳри Кӯлоб дар вилояти Хатлони Тоҷикистон гуфт, волидайни як ҷавони 18 солаи сокини ин вилоят дархост кардаанд, фарзандашон, ки дар урдугоҳи омӯзишии гурӯҳи террористии ДИИШ дар вилояти Нангарҳор, дар шарқи Афғонистон аст, бозгардонда шавад.
-
Jan 27, 2018
Давлати Тоҷикистон бо судури фармоне барои ҷазби 2 ҳазору 400 нафар коргари чинии ҷадид муҷаввиз содир кард.
-
Jan 26, 2018
Дастёри вижаи раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон дар умури байналмилалӣ рӯзи ҷумъа дар “Твиттер” навишт, сафороии Арабистони Саудӣ, Иморот ва Баҳрайн дар иҷлоси солонаи Маҷмаи ҷаҳонии иқтисод дар шаҳри Давоси Швейтсария алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон хатои роҳбурдӣ аст.
-
Jan 26, 2018
Се нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон барои талош ҷиҳати пайвастан ба гурӯҳи такфирӣ-террористии ДИИШ аз 12 то 13 сол маҳкум ба зиндон шуд. Додситони кулли Тоҷикистон имрӯз судури ҳукмҳои зиндон барои ин муттаҳамонро расонаӣ кард, ҳарчанд замони судури аҳком рӯзи 10 январ будааст.
-
Jan 25, 2018
Бо имзои мусаввабаи ҳукумати Тоҷикистон аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури ин кишвар, номи шаҳри Қӯрғонтеппаи маркази вилояти Хатлон ва чанд шаҳру ноҳияи ҷануби ин ҷумҳурӣ, тағйир кард.
-
Jan 25, 2018
Раиси Утоқи бозаргонӣ (Палатаи савдо)-и Тоҷикистон ва дабири кулли Шӯрои иқтисодии кишварҳои арабии Иттиҳодияи Араб бар густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ таъкид карданд.
-
Jan 25, 2018
Додгоҳи вилояти Хатлон як узви собиқи Шӯрои сиёсӣ ва дастёри пешини раиси Ҳизби мамнӯаи наҳзати исломии Тоҷикистонро ба таври ғоибона ба 15 соли зиндон маҳкум кард.
-
Jan 24, 2018
Рӯзномаи британияии Сон гузориш дод, Абубакри Бағдодӣ, саркардаи гурӯҳи террористии ДИИШ ба Африқо гурехтааст.
-
Jan 24, 2018
Мушовири амнияти миллии Кохи Сафед муддаӣ шуд, барномаи мушакӣ ва ҳузури минтақаии Эрон, меҳвари дидори ояндаи раиси ҷумҳурии Амрико бо нахуствазири режими Исроил дар ҳошияи иҷлоси Давос хоҳад буд.
-
Jan 24, 2018
Камиссиюни марказии интихоботи Туркманистон аз ҳузури нозирони байналмилалӣ дар интихоботи парлумонии ин кишвар хабар дод.
-
Jan 24, 2018
Имомони масоҷиди вилояти Суғди Тоҷикистон дар баёнияе бо маҳкум кардани фаъолияти Ҳизби мамнӯаи наҳзати исломӣ дар хориҷ аз кишвар, хостори боздошти намояндагони ин гурӯҳ ва таҳвили ин афрод ба мақомоти қазоии кишвар шудаанд.
-
Jan 24, 2018
Раисҷумҳурии Тоҷикистон қонуни мамнуияти таҳқиқу тафтиш аз марказҳои санъатии тавлидӣ дар ин кишварро барои ду сол имзо кард.
-
Jan 23, 2018
Вазири умури хориҷии Амрико дар мавриди тағйири эҳтимолӣ дар тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон дар муҳлате, ки Трамп эълом карда, ибрози тардид кардааст. Бо ин ҳол, бархе расонаҳо эълом кардаанд, ки аврупоиҳо барои ҳифзи ҳайсияти Трамп ба дунболи имтиёз додан ба ӯ ва афзоиши фишор бар Эрон ҳастанд, аммо ин мавзӯъ бо вокуниши ҷиддии мақомҳои Эрон рӯ ба рӯ шудааст.
-
Jan 23, 2018
Дар дувумин рӯзи марҳилаи аслии размоиши муштараки "Муҳамад - Расулуллоҳ (с)- 5"-и артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон мушаки дурбурди "Қадир" нахустин бор партоб шуд.
-
Jan 23, 2018
Як коргари шаҳрдории Париж бо интишори филме мӯшҳои "бузургу ваҳшӣ”-и ин шаҳрро таҳдиде барои ҷони коргарони шаҳрдорӣ ва мояи тарсу ваҳшати шаҳрвандону ҷаҳонгардон донистааст.
-
Jan 23, 2018
Вазири фарҳанги собиқи Кореяи Ҷанубӣ дар додгоҳи таҷдиди назари Сеул ба ҷурми нақш доштан дар таҳияи “феҳристи сиёҳ”-и ҳунармандон ба ду соли ҳабс маҳкум шуд.
-
Jan 23, 2018
Вазири умури хориҷаи Амрико дар мавриди тағйири эҳтимолӣ дар тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон (БарҶом) дар муҳлате, ки Трамп эълом кардааст, ибрози тардид кард.
-
Jan 23, 2018
Як бонуи тоҷик бо ирсоли номае ба сомонаи Ахбор ба рафтори баду ғайримасъулонаи корманди БДА дар шаҳри Бохтар эътироз кард.
-
Jan 22, 2018
Шанбе шаби гузашта чаҳор фарди мусаллаҳ вориди ҳотели Интерконтинентали Кобул шуданду иқдом ба тирандозӣ карданд.
-
Jan 22, 2018
Давлати Фаронса дар иттиҳомзании ҷадид, Эронро ба нақзи қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид ба далели пайгирии барномаи мушакҳои баллистик муттаҳам кард.