Ҷустуҷу
-
Jun 07, 2025
Порс-Тудей. Тавоноии Эрон дар фанноварии ғанисозии уран ва ҳифзи чархаи тавлиди сӯхти атомӣ дар хоки Эрон, дар айни он ки дар чорчӯби масорифи сулҳомезу зери назорати Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дунбол мешавад, ба таври табиӣ навъе боздорандагии роҳбурдӣ низ эҷод мекунад.
-
Jun 06, 2025
Порс-Тудей. Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон бо ҳушдор ба се кишвари аврупоии Фаронса, Англия ва Олмон таъкид кард: Эрон дар баробари ҳар гуна нақзи ҳуқуқи худ вокунише қотеъ нишон хоҳад дод.
-
Jun 06, 2025
Порс-Тудей. Вазири хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи ҷумъа гуфт, ба ҷои таомул бо ҳусни ният, се кишвари аврупоӣ даст ба иқдоме муғризона алайҳи Эрон дар Шӯрои ҳуккоми ожонс задаанд, аммо бо вокуниши қотеъ мувоҷеҳ хоҳанд шуд.
-
Jun 04, 2025
Порстудей - Имом Хоманаӣ субҳи чаҳоршанбе дар иҷтимои азиму пуршӯри мардум дар ҳарами мутаҳҳари Имом (раҳ) дар табйини масъалаи миллии ҳастаӣ , бархӯрдории Эрон аз чархаи комилу ифтихоромези сӯхти ҳастаеро натиҷаи бовари миллату донишмандони ҷавон ба « мо метавонем » хонданд.
-
Jun 03, 2025
Порс-Тудей. Дар 17 километрии ҷануби шарқии Дизфули имрӯзӣ, миёни даштҳои шимолии Хузистон, вайронаҳои куҳани Гунди-Шопур (Ҷунди-Шопур) қарор дорад, шаҳре ки рӯзгоре маркази шукӯфоии донишу хирад буд.
-
Jun 02, 2025
Порстудей - Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Маскав ҷон бохтани шуморе аз шаҳрвандони рус дар ҳодисаи вайроншавӣ ва резиши пул дар вилояти Брянски Русияро таслият гуфт.
-
Jun 01, 2025
Порс Тудей - Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи якшанбе бо таъкид бар инки забони форсӣ ҳомили андеша, ҳикмат, таърих ва тамаддун аст, гуфт: Забони форсӣ ҳомили тамаддуне аст, ки аз Ҳинд то Балкан таъсиргузор будааст ва акнун ҳам метавонад нақше беҳамто дар гуфтугуҳои дипломатӣ ифо кунад.
-
Jun 01, 2025
Порс Тудей - Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон асри рӯзи шанбе дар гуфтугуи телефонӣ бо мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ гуфт: Тамоми фаъолиятҳои ҳастаии Эрон таҳти назорати ожонс ва дар чорчуби мувофиқатномаи подмон(кафолат) аст.
-
Май 31, 2025
Порстудей - Вазири умӯри хориҷаи Эрон дар маросими таҷдиди мисоқ бо ормонҳои бунёнгузори кабири Инқилоби исломӣ зимни таъкид бар ин ки « яке аз усули мо дар баҳси ҳастае, ки мабнои ҳаракати мо дар музокиротро шакл медиҳад , нафй(радди) султа аст » , гуфт : Таваққуфи ғанисозӣ чизе нест, ки мардуми Эрон зери бори он бираванд .
-
Май 31, 2025
Порстудей - Доналд Трамп-раиси ҷумҳурии Амрико эълом кард : Тавофуқ бо Эрон дар ояндаи на чанд дур имконпазир аст.
-
Май 31, 2025
Порстудей - Дар паи интишори гузориши гумроҳкунандаи ниҳоди иттилоотии Австрия дар бора барномаи сулҳомези ҳастаии Эрон , кордори ин кишвар ба Вазорати умӯри хориҷа дар Теҳрон эҳзор(бозхост) шуд.
-
Май 30, 2025
Порс-Тудей. Райҳона Мубинӣ ба мақоми қаҳрамонии париши тӯли мусобиқоти дав ва майдонии қаҳрамонии Осиё расид.
-
Май 30, 2025
Порс Тудей - Эрон бо такя бар мавқеъияти стратегии Бандари Чобаҳор ва шабакаи густардаи ҳамлу нақли худ, ба шарики калидии кишварҳои Осиёи Марказӣ табдил шуда ва равобити тиҷорӣ ва луҷистикии худро бо ин минтақа тақвият мекунад.
-
Май 29, 2025
Порс-Тудей. Фармондеҳи Неруи дарёии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон панҷшанбе гуфт, душманон бидонанд, ки агар бихоҳанд коре анҷом бидиҳанд, ба фармони Раҳбари инқилоб Неруҳои мусаллаҳи Эрон ба онҳо посухи қотеона хоҳанд дод.
-
Май 29, 2025
Порс Тудей - Муовини аввали раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бомдоди панҷшанбе гуфт: Тоҷикистон кишвари дӯсту ҳамзабони Эрон аст ва тавсеаи равобит бо ин кишвар ҷузви авлавиятҳои аввали равобити сиёсати хориҷии Эрон аст.
-
Май 29, 2025
Порс Тудей - Сухангуи вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҳамалоти ҳавоии режими саҳюнистӣ ба фурудгоҳи байналмилалии Санъо ва инҳидоми ҳавопаймои мусофирбарии хутути ҳавоии Яманро нишонаи дигаре аз сабъяти ин режиму душмании он бо мардуми мусулмони Яман ва минтақа донист ва онро маҳкӯм кард.
-
Май 29, 2025
Порс Тудей - Генерали артиши Покистон бо ишора ба тавони мушакии Эрону системаҳои пешрафтаи партоб, ки пештар тавсеа ёфтаанд, афзуд, ки чунон чӣ Эрон ба фанноварии сохти кулоҳаки ҳастаӣ низ даст ёбад ва сохтори фармондеҳӣ ва кантроли он низ комил бошад, дигар таҳдиде алайҳи мавҷӯдияти он матраҳ нахоҳад буд.
-
Май 28, 2025
Порстудей - Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон чаҳоршанбе гуфт : Ба мақомоти Амрико мегӯйем барои ҳар сенарияе омодаем , кишвари мо ҳаргиз таслими иродаи сиёсии дигарон намешавад ва таслим нахоҳем шуд .
-
Май 28, 2025
Порстудей - Сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Амрико шомогоҳи сешанбе ба вақти маҳаллӣ эълом кард, ки музокироти ғайримустақим миёни Иёлоти муттаҳида ва Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамчунон созандааст.
-
Май 28, 2025
Порстудей – Сиёсатмадор ва дипломати пешини Амрико сешанбе бо таъкид бар инки Ҷумҳурии исломии Эрон ба масири ҳастаии худ идома медиҳад , ошкоро эълом кард, ки хостаи Амрико барои мутаваққиф кардани барномаи ғанисозии урани Эрон дар амал имконпазир нест.