Ҷустуҷу
-
Jun 20, 2019
Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ гуфтанд, муборизони курди Эрон дар айни мубориза бо душмани хориҷӣ бо зиддиинқилоб низ дар ҷанг буданд, бинобар ин шаҳодат дар минтақаи Курдистон бо фидокории бештар ва бо муҷоҳидати содиқона тавъам будааст.
-
Jun 13, 2019
Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ субҳи имрӯз (панҷшнба) дар дидори нахуствазири Ҷопон ва ҳайати ҳамроҳ таъкид карданд: Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳеҷ эътимоде ба Амрико надорад ва таҷрубаи талхи музокироти қаблӣ бо Амрико дар чорчӯби БАРҶОМ-ро ба ҳеҷ ваҷҳ такрор нахоҳад кард, зеро ҳеҷ миллати озода ва оқиле музокира таҳти фишорро намепазирад.
-
Jun 12, 2019
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар паёме даргузашти ҳазрати оятуллоҳ Ҳоҷӣ шайх Қурбоналии Муҳаққиқи Кобулиро ба мардуми Афғонистон, ба вижа хонадони муҳтарам, муқаллидон, иродатмандон ва шогирдони эшон таслият гуфтанд.
-
Jun 09, 2019
Ба муносибати иди саиди Фитр ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо афв ё тахфифи муҷозоти 691 нафар аз маҳкумони маҳкамаҳои умумӣ ва инқилоб, Созмони таъзироти ҳукуматӣ ва Созмони қазоии нерӯҳои мусаллаҳ мувофиқат карданд.
-
Jun 05, 2019
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ фармуданд: “Кишварҳои исломӣ ба ҷойи он ки дар муқобили якдигар қарор гиранд, бояд дар муқобили ҳузури ҷинояткоронаи душмани ғосиб дар Фаластин сафороӣ кунанд”.
-
Jun 05, 2019
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо таъкид бар ин ки тарҳи мавсум ба “Муомилаи қарн” ҳеҷ гоҳ ба саранҷом нахоҳад расид, аз кишварҳои арабӣ ва ҳамчунин гурӯҳҳои фаластинӣ, ки мухолифати худро бо ин тарҳ эълом кардаанд, қадрдонӣ карданд.
-
Jun 05, 2019
Намози иди саиди Фитр ба имомати ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, бо ҳузури пуршӯр ва густурдаи шаҳрвандони теҳронӣ дар мусаллои имом Хумайнӣ (раҳ) иқома шуд.
-
Jun 02, 2019
Намози иди саиди Фитри Теҳрон ба имомати ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ иқома мешавад.
-
Май 30, 2019
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ асри сешанбе дар дидори ҳазорон нафар аз устодон ва аъзои ҳайъатҳои илмии донишгоҳҳо, бо таъкид бар инки дифоъ аз миллати Фаластин ҳам ҷанбаи инсонӣ дорад ва ҳам ҷанбаи динӣ ва шаръӣ хотирнишон карданд бархе дунболаҳои Амрико барои ҷо андохтани Муомилаи қарн дар ҳоли талошанд, аммо Амрико ва дунболаҳояш дар ин қазия ҳам шикаст хоҳанд хурд.
-
Май 30, 2019
Таваҷҷуҳ ба мазлумиятҳо ва ҳаққи Фаластин ва пешгирӣ аз ба ҳошия рондани мавзӯи ишғоли ин хок...
-
Май 23, 2019
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ,Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ асри чоршанбе дар дидори ҳазорон нафар аз донишҷӯён, нақши муҳими ҷавононро дар таҳақуқи ҳадафҳои баландмудати баёнияи гоми дуввуми инқилоби исломӣ муҳим арзёби карданд.
-
Май 23, 2019
Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ асри чаҳорашнбе дар дидори ҳазорон нафар аз донишҷӯён, вуҷуди нуқтаи рушан ва умедбахшро боиси пешравӣ ва истимрори ҳар ҳаракати умумӣ хонданд ва таъкид карданд зарфиятҳои исботшудаи миллати Эрон дар шаклдиҳӣ ва ба саранҷом расондани корҳои бузург (ки дар пирӯзӣ ва истимрори инқилоби исломӣ зуҳури комил дошт), муҳимтарин нуқтаи умеди ҳаракати умумии миллати Эрон ба самти амалисозии ҳадафҳо ва чашмандози рушани кишвар аст.
-
Май 21, 2019
Раҳбари муаззами инқилоб дар дидори самимии ҷамъе аз устодони забону адаби порсӣ ва шоирони ҷавону пешкисват бо таъкид бар тақвияти забони форсӣ гуфтанд, набояд иҷоза дод, забони форсӣ дучори фарсудагӣ шавад.
-
Май 19, 2019
Марин Ле Пен, раҳбари Ҷабҳаи миллии Фаронса дар мусоҳибае таъкид кард: Ба назари ман Аврупо ҳеҷ далеле барои душманӣ ва хусумат бо Русия надорад ва оддисозии равобит байни кишварҳои аврупоӣ ва Русия ба нафъи ду тараф хоҳад буд.
-
Май 07, 2019
Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд, иззати рӯзафзун ва пешрафти фавқулодаи миллати Эрон дар чиҳил соли гузашта ба иллати амал ба Қуръон ва истодагӣ будааст ва имрӯз низ танҳо роҳи ғалаба бар шайтонҳо ва куффор истодагӣ аст.
-
Май 06, 2019
Муфтӣ Узбак, ки масъули фаъолияти террористҳо дар манотиқи шимоли Афғонистон буд ва дар барномарезӣ ва созмондеҳии ҳамалоти террористӣ дар Осиёи Марказӣ ширкат дошт, ба дасти нерӯуҳои вижаи афғон кушта шуд.
-
Май 04, 2019
Китоби Ал адолаҳ ва Ал мусовот шомили баёноти имом Хумайнӣ (раҳ) ва Назми Амрикум аз баёноти Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ ба забони арабӣ дар намоишгоҳи байналмиллалии китоби Теҳрон ,рунамоӣ шуд.
-
Май 01, 2019
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рӯзи чаҳоршанбе, дар остонаи Рӯзи Муаллим, дар дидори ҳазорон нафар аз муаллимон ва фарҳангиёни саросари Эрон гуфтанд, миллат муттаҳид бошад, тавтеаҳои душман ба зарари худи ӯ тамом хоҳад шуд.
-
Apr 28, 2019
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ нақши нерӯи интизомиро дар таъмини амнияти фазои маҷозӣ муҳим баршумурданд ва хотирнишон карданд: Нерӯи интизомӣ бояд ба сурати ҷиддӣ бо қочоқ мубориза ва бо авомили ноамнкунанда фазои маҷозӣ муқобила кунад.
-
Apr 24, 2019
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд: Душман барои ба зону даровардани миллати Эрон бар фишори иқтисодӣ мутамаркиз шудааст, аммо бидонад: ин миллат ҳеҷ гоҳ ба зону дар намеояд ва зимни истифода аз фурсати таҳрим барои рушду шукуфоӣ, душманиҳои Амрикоро бепосух намегузорад.