Ҷустуҷу
-
Sep 23, 2017
Раисиҷумҳури Сурия изҳор кард, бештар миллатҳои арабӣ ҳомии миллати Сурия ҳастанд ва арабҳои ҳомии террористҳое, ки зидди Сурия иқдом мекунанд, дар баробари ин аксарияти мутлақ ночизанд.
-
Sep 23, 2017
Вазири умури хориҷаи Русия гуфт, Маскав иҷозаи коршиканӣ ба Амрико дар мубориза бо терроризми зиддисурӣ намедиҳад.
-
Sep 15, 2017
Эрон, Русия ва Туркия дар бораи марзҳои минтақаи бидуни таниш дар Идлиб, шимоли Сурия ба тавофуқ расиданд.
-
Sep 11, 2017
Шибҳинизомиёни Нерӯҳои мудофеи халқ дар шимоли Сурия эълом карданд, навҷавонеро, ки дар урдугоҳҳои низомии ДИИШ омӯзиш дида буд ва иқдом ба сар буридани нерӯҳои артиши Сурия ва мардуми ин кишвар мекард, дастгир кардаанд.
-
Sep 11, 2017
Муовини вазири умури хориҷаи Сурия гуфт, беҳтар аст, Амрико худ аз Сурия хориҷ шавад вагар на Димишқ ба унвони душмани ишғолгар бо он кишвар, рафтор хоҳад кард.
-
Sep 10, 2017
Вазорати дифои Русия шикасти муҳосираи шаҳри Дайр-уз-Зӯри Сурияро “шикасти вайронгар” барои гурӯҳи террористии ДИИШ тавсиф кард.
-
Sep 09, 2017
Танҳо ду рӯз пас аз шикаста шудани муҳосираи Дайр Аз-Зур тавассути артиши Сурия, Имод Фаҳд Ҷосим Ал Фариҷ, вазири дифои ин кишвар аз сӯи Башор Асад- раисиҷумҳури ин кишвар, барои боздиди воҳидҳои низомӣ ва баррасии охирин вазъияти минтақа, вориди шаҳри Дайр Аз-Зур шуд.
-
Sep 04, 2017
Сарони кишварҳои гурӯҳи БРИКС ҳимояти худро аз музокироти сулҳи Остона ва Женева дар бораи Сурия эълом карданд.
-
Sep 04, 2017
Нахустин гурӯҳ аз нерӯҳои артиши Сурия ва муқовимати Ҳизбуллоҳи Лубнон бо шикастани муҳосираи сесолаи шаҳри Дайр-уз-Зӯр вориди ин шаҳр дар шарқи Сурия шуданд.
-
Sep 03, 2017
Намояндаи доими Русия дар Созмони Милали Муттаҳид дар гуфтугӯ бо хабарнигорон, танҳо хостаи Маскав дар Сурияро шарҳ дод.
-
Aug 30, 2017
Раиси ҷумҳурии Сурия дар дидори муовини вазири хориҷаи Эрон дар Димишқ, ҳифзи ҳушёрӣ ва ҳамоҳангии Сурия ва Эронро зарурӣ донист ва аз Эрон қадрдонӣ кард.
-
Aug 29, 2017
Террористҳои ДИИШ шабона аз минтақаи Ҳалимақора дар марзи Сурия бо Лубнон ба Букмали вилояти Дайр-уз-зур, шарқи Сурия мунтақил шуданд.
-
Aug 29, 2017
Теҳрон дар ду рӯзи ахир шоҳиди музокироту ройзаниҳои Стефан де Мистуро, намояндаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури Сурия бо мақомҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон буд.
-
Aug 19, 2017
Сафири Русия дар Теҳрон гуфт, ҳамроҳӣ накардани бархе аз кишварҳои ғарбӣ бавижа Амрико бо Эрон, Русия ва Туркия дар Сурия, яке аз авомили кундии муқобила бо гурӯҳҳои террористӣ аст.
-
Aug 16, 2017
Аъзои гурӯҳҳои террористӣ ба вижа ДИИШ, ҳудуди 400 кӯдаки русро ба Сурияву Ироқ мунтақил кардаанд.
-
Aug 13, 2017
Як рӯзномаи амрикоӣ дар гузорише навишт, созмони иттилооти марказии ин кишвар (CIA), бузургтарин шикасти худро дар Сурия таҷруба кард.
-
Aug 12, 2017
Артиши Сурия рӯзи шанбе, шаҳри Ал Сухна, охирин пойгоҳи гурӯҳи террористии ДИИШ дар атрофи шарқи Ҳимсро озод кард.
-
Aug 09, 2017
Раисони Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия ва Амрико дар бораи масоили Сурияву Ироқ, мубориза бо ДИИШ ва дигар гурӯҳҳои террористӣ телефонӣ гуфтугӯ карданд.
-
Aug 08, 2017
Додгоҳи Шаҳринав сокини ҷамоати Сабои ин ноҳия Ғ.А. Абдусатторовро, ки дар роҳи сафар ба Сурия бо 5 шиносномаи қалбакӣ дастгир шуда буд, ба 14 соли зиндон маҳкум кардааст.
-
Aug 07, 2017
Вазорати хориҷаи Сурия дар номае ба Созмони Милали Муттаҳид, инҳилол (бекор кардан)-и фаврии эътилофи ғайриқонунии амрикоии зидди ДИИШ ва поён ёфтани ҷиноятҳои онро дар Сурия хостор шуд.