Феврал 06, 2018 18:41 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи телефонии Рӯҳонӣ ва Путин дар бораи Сурия

Раисони ҷумҳурии Эрону Русия дар гуфтугӯи телефонӣ таъкид карданд, Теҳрону Маскав мухолифи ҳузури нерӯҳои хориҷӣ дар хоки Сурия бидуни иҷозаи давлату миллати ин кишвар ҳастанд.

Ҳасани Рӯҳонӣ дар тамоси телефонии Владимир Путин, раисҷумҳури Русия гуфт: Идомаи таниш дар шимоли Сурия ба нафъи ҳеч кас несту ҳамаи кишварҳои минтақа ба якпорчагии сарзаминӣ ва ҳокимияти Сурия эҳтиром бигузоранд .

Рӯҳонӣ бо ишора ба аҳаммияти ҳамкориҳои муштараки Теҳрон, Анкара ва Маскав барои мубориза бо терроризму бозгардондани оромишу субот дар Сурия гуфт: Ин ҳамкориҳо зарурӣ аст, то пирӯзии ниҳоии мардуми Сурия бар террористҳо тақвият шаваду идома ёбад .

Раисҷумҳури исломии Эрон равобити Теҳрон–Маскавро низ рӯ ба тавсеа хонду бар зарурати иҷрои сареътари тавофуқоти дуҷониба таъкид кард .

Владимир Путин низ дар ин тамоси телефонӣ бо ишора ба авзои Сурия таъкид кард, ҳаргуна ҳузури нерӯҳои низомӣ дар хоки як кишвар, бояд бо иҷозаи давлати он кишвар ва ё бо муҷаввизи Шӯрои амнияти Созмони милал бошаду хилофи ин амр, дахолати ошкор дар умури як кишвари мустақил маҳсуб мешавад .

Путин тавофуқи ҳастаӣ миёни Эрону кишварҳои гурӯҳи панҷи ба иловаи якро бисёр муҳими хонду гуфт: Русия муътақид аст, ҳар талоше барои заиф кардани ин тавофуқ, барои минтақа бисёр хатарнок аст ва Маскав ин мавзеи худро сароҳатан ба итилои ҳамтоёни худ расондааст .

 

Барчасп