Ҷустуҷу
-
Dec 04, 2019
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо баёни ин, ки душман дар ду соли гузашта шадидтарин таҳримҳоро алайҳи мардуми Эрон эъмол кардааст гуфт: Эрон ба муқовимат ва истодагӣ дар баробари таҳримкунандагон идома медиҳад.
-
Dec 04, 2019
Муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон бо баёни ин, ки сиёсатҳои Амрико решаи ташдиди таниш дар ғарби Осиёст гуфт: Ҳузури нерӯҳои хориҷӣ дар ин минтақа ба тақвияти субот, амният ё сулҳ дар ин минтақа кӯмак нахоҳад кард.
-
Dec 04, 2019
Вазири нерӯи Эрон ҳамзамонии шабакаи барқи Эрон ва Тоҷикистонро манут ба барқарории иртиботи электрикӣ донист ва гуфт: Бар ҳамин асос дунболи барқарории иртиботи электрикӣ бо ин кишвар хоҳем буд.
-
Dec 03, 2019
Вазири энержӣ ва захоири обии Тоҷикистон бо ишора ба ин ки авҷи масрафи барқ дар Тоҷикистон зимистон ва дар Эрон тобистон аст, ҳамкорӣ дар заминаи табодули барқи ду кишварро пешниҳод кард.
-
Dec 03, 2019
Дувоздаҳумин бозорчаи хайрияи депломатик дар шаҳри Нурсултон пойтахти Қазоқистон бо ҳузури 53 намояндагии депломатик аз ҷумла Сафорати Эрон ва ҳамчунин чандин маркази фарҳангии байналмиллалии муқими ин кишвар баргузор шуд.
-
Dec 03, 2019
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба худоҳофизии намояндаи олии Иттиҳодияи Аврупо дар сиёсати хориҷӣ ва умури амниятӣ аз ин иттиҳодия ва интихоби ҷонишини вай дар паёме изҳори умедворӣ кард, шоҳиди тавсеаи равобити Эрон бо Аврупо бошем.
-
Dec 02, 2019
Муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, таҳримҳо таъсиргузор набуда ва дар иродаи мардуми Эрон халале ворид накардааст.
-
Dec 02, 2019
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон гуфт, корҳои асосии сохти туннели Истиқлоли Тоҷикистон аз тариқи ширкатҳои эронӣ ба итмом расидааст.
-
Dec 02, 2019
Сафорати Эрон дар 12-умин бозорчаи хайрияи дипломатии Қазоқистон, ки имрӯз оғоз бакор кард, ҳузур ёфтааст.
-
Dec 02, 2019
Вазири умури хориҷаи Эрон ва вазири умури хориҷаи Уммон дар Теҳрон дидору гуфтугӯ карданд.
-
Dec 02, 2019
Иттиҳодияи Иқтисодии АвруОсиё иҷроӣ шудани мувофиқатномаи муваққати ин иттиҳодия бо Ҷумҳурии исломии Эронро эълом кард.
-
Dec 02, 2019
Сездаҳумин Иҷлоси Комиссиони муштараки ҳамкории иқтисодии Эрон ва Тоҷикистон имрӯз душанбе дар Теҳрон оғоз ба кор кард.
-
Dec 02, 2019
Манобеи хабарии ироқӣ якшанбешаб аз оташсӯии дубора дар сохтмони Консулгарии Эрон дар шаҳри Наҷафи ашраф хабар доданд.
-
Dec 02, 2019
Вазири нерӯи Эрон гуфт, Ҷумҳурии исломии Эрон ба иллати қарор гирифтан дар масири иртиботии байни кишварҳои Халиҷи Форс, метавонад шарике мутмаин ва муносиб барои АвруОсиё бошад.
-
Dec 01, 2019
Сабти номи довталабони ёздаҳумин давраи интихоботи Маҷлиси Шӯрои исломӣ оғоз шуд.
-
Dec 01, 2019
Вазири нерӯи Эрон гуфт: Ҷумҳурии исломии Эрон ба иллати қарор гирифтан дар масири иртиботӣ байни кишварҳои Халиҷи Форс метавонад шарике мутмаин ва муносиб барои АвруОсиё бошад.
-
Dec 01, 2019
Ҳамоиши АвруОсиё ошноӣ бо фурсатҳо ва илзомоти тавсеаи равобити иқтисодӣ ва тиҷории Эрон бо кишварҳои узви Иттиҳодияи АвруОсиё дар Созмони Тавсеаи Тиҷорати Эрон баргузор шуд.
-
Dec 01, 2019
Мусобиқоти байналмиллалии куштии озод ва фарангии Ҷоиза бузурги Маскав бо қаҳрамонии Русия ва ноибқаҳрамонии Эрон ба поён расид.
-
Dec 01, 2019
Бардошти мандарин дар вилояти Гулистон дар шимоли Эрон
-
Dec 01, 2019
Вазорати иттилооти Ҷумҳурии исломии Эрон дар иттилоияе аз шиносоӣ ва дастгирии аносури вобаста ба шабакаи телевизионии саудии ЭронИнтернашнол ҳангоми иҷрои дастуроти ин шабака барои ташдиди иғтишошот ва оташ задани маконҳои умумӣ дар Эрон хабар дод.