Ҷустуҷу
-
Apr 19, 2017
Дар ҳоле, ки Кумитаи марзбонии Узбакистон аз кушта шудани як шаҳрванди Тоҷикистон бар асари даргирӣ бо марзбонони узбакистонӣ дар марзи муштараки ин ду кишвар дар навоҳии Турсунзода ва Сариосиё хабар дод, Кумитаи марзбонии Тоҷикистон тарафи Узбакистонро муқассири ин моҷаро муаррифӣ карда ва гуфтааст, ки марзбони Узбакистон бо вуруди ғайримуҷоз ба умқи 100 метрии дохили қаламрави Тоҷикистон бо 3 чупони тоҷик даргиру яке аз ононро куштаанд.
-
Apr 19, 2017
Рӯзномаи Вашингтон Пост дар мақолае сиёсати раисҷумҳури Амрикоро дар қиболи Русия, омили бурузи ихтилоф дар кобинаи Амрико донист.
-
Apr 19, 2017
Артиши Амрико ду бомбафкани Русияро, ки дар ҳоли парвоз бар фарози савоҳили Аляска буданд, раҳгирӣ кард.
-
Apr 18, 2017
Дафтари расонаии дабири кулли Созмони амният ва иттилооти Аврупо дар сайти расмии худ муддаӣ шуд, "иттилооти дақиқ"-е дар ихтиёр дорад, ки бар асоси он, Абубакр Бағдодӣ, саркардаи ДИИШ дар шимоли Сурия боздошт шудааст.
-
Apr 18, 2017
Беҳрӯзи Саидхоҷа: Китоби "Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ" дорои се ҳазор ном, дар ҷумҳурии Тоҷикистон барои бори нахуст мунташир шуд.
-
Apr 18, 2017
Кумитаи амнияти Узбакистон аз боздошти 16 ифротгаро, ки қасд доштанд, ба гурӯҳи террористии ДИИШ дар Сурия бипайванданд, хабар дод.
-
Apr 18, 2017
Мақомоти Тоҷикистон Беҳрӯз Гулмуродов фарзанди калонии Гулмурод Ҳалимовро боздошт карданд.
-
Apr 17, 2017
Муовини таҳқиқ ва тавлиди фаровардаҳои биологии Муассисаи таҳқиқоти ваксина ва хунобасозии Розӣ гуфт: Эрон бо тавлиди ваксинаи хурокии фалаҷи атфол, ҷузъи 10 кишвари бартари тавлидкунандаи ин ваксина дар ҷаҳон аст.
-
Apr 17, 2017
Иттиҳоди Аврупо рӯзи якшанбе ба натоиҷи ҳамапурсии ислоҳи Қонуни асосии Туркия вокуниш нишон дод.
-
Apr 17, 2017
Вазири умури хориҷаи Эрон яке аз аҳдофи сафар ба Осиёи Марказӣ ва Қафқозро, густариши равобити дуҷонибаи иқтисодӣ ва сиёсӣ бо ҳамсоягон донист.
-
Apr 17, 2017
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз кашфу мусодираи 100 килограм маводи мухаддир, аз аъзои як гурӯҳ дар ноҳияи Истаравшан ва шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд хабар дод.
-
Apr 16, 2017
Содиқ Сафоев, муовини аввали раиси палатаи болоии парлумони Узбакистон мегӯяд, Тошканд метавонад ба масири аслии ҳамлу нақли кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва шоҳроҳи Абрешим табдил шавад
-
Apr 16, 2017
Маҷмаи ҷаҳонии иқтисод, ҷумҳурии исломии Эронро ҷаззобтарин кишвар аз назари қиммати колову хадамот барои гардишгарони ҷаҳон муаррифӣ кард.
-
Apr 15, 2017
Ду ҳуқуқдони лубнонӣ таъкид карданд, Амрико аз иҷроӣ шудани пешниҳоди Ҳасани Рӯҳонӣ- раиси Ҷумҳури Исломии Эрон, дар ташкили кумитаи ҳақиқатёб дар бораи ҳодисаи Хон Шайхун дар Сурия, ҳарос дорад.
-
Apr 14, 2017
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи панҷшанбе аз шиллики бузургтарин ва мухаррибтарин бомби Амрико маъруф ба "модари ҳамаи бомбҳо" ба вилояти Нангарҳори Афғонистон хабар дод.
-
Apr 14, 2017
Раисҷумҳури Амрико рӯзи панҷшанбе аз партоби бузургтарин ва вайронгартарин бомби ғайриатомии ин кишвар, ки "модари ҳамаи бомбҳо" хонда мешавад, дар вилояти Нангарҳори Афғонистон хабар дод.
-
Apr 14, 2017
Намоишгоҳи бузурги китоби Ҷумҳурии Исломии Эрон, бо ҳузури раиси Шӯрои иҷроии давлати Ваҳдати миллии Афғонистон, доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ рӯзи чаҳоршанбе дар Кобул кушоиш ёфт.
-
Apr 13, 2017
Бар асоси радабандии ҷадиди маҷмаи ҷаҳонии иқтисод дар соли 2016, Тоҷикистон дар заминаи рушди суръати ҷазби гардишгарон дар ҷойгоҳи сеюм қарор гирифтааст.
-
Apr 13, 2017
Русия ва Сурия таҳқиқоти Созмони манъи таслиҳоти кимиёвиро дар бораи воқеаи Хон Шайхун дар Идлиб, хостор шуданд.
-
Apr 13, 2017
Вазирони умури хориҷаи Гурӯҳи ҳафт, дар баёнияи поёнии нишасти дурӯзаи худ дар Италия, дар идомаи фарофиканиҳояшон алайҳи ҷумҳурии исломии Эрон, аз барномаи мушакии Эрон ибрози нигаронӣ карданд. Гурӯҳи ҳафт (G7) аз ҳафти кишвари санъатии Олмон, Фаронса, Италия, Ҷопон, Канада, Англия ва Амрико ташкил шудааст.