Ҷустуҷу
-
Jan 03, 2018
Дипломати аршади эронӣ дар дидор бо сафири Тоҷикистон дар Теҳрон бар зарурати ҳамкориҳои иттилоотии созмонҳои амниятии ду кишвар дар мубориза бо гурӯҳҳои такфирӣ ва террористӣ дар минтақа таъкид кард.
-
Jan 03, 2018
Чанд рӯзи ахир бархе шаҳрҳои Эрон дар эътироз ба гаронӣ, истимрори бекорӣ ва авзои бади маишатӣ ва адами расидагӣ ба шикоёти молбохтагони муассисоти молӣ шоҳиди таҷаммуъҳое будаанд.
-
Jan 03, 2018
Баҳрабардорӣ аз ҳафт тарҳи энержӣ дар соли ҷадиди 2018 дар Тоҷикистон оғоз хоҳад шуд.
-
Jan 03, 2018
Бо баргузории нишасте дар Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, барномаҳои вижаи ин сол оғоз шуд.
-
Jan 03, 2018
Аркадий Дубнов, коршиноси руси масоили Осиёи Марказӣ муътақид аст, дар соли 2017 иқтисоди Тоҷикистонро даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ аз Русия ва вомҳои молии Чин наҷот дод.
-
Jan 03, 2018
Китоби шоир, мутарҷим ва сафири собиқи Тоҷикистон дар Миср бо унвони “Авроқун мутафарриқа” (Парокандабаргҳо) ба забони арабӣ дар Қоҳира мунташир шуд.
-
Jan 03, 2018
Мардуми Эрони исломӣ дар маҳкумияти иқдоми ахири иғтишошгарон имрӯз (чаҳоршанбе) дар шаҳрҳои мухталиф роҳпаймоӣ хоҳанд кард.
-
Jan 03, 2018
Иқтисоддони тоҷик гуфт, низоми бонкии Тоҷикистон дар пардохти маблағи муштариён дар соли гузаштаи 2017 нотавон буд.
-
Jan 02, 2018
Кореяи Шимолӣ эълом кардааст, дар сурате ки Амрико рафторашро дар соли 2018 дар қиболи ин кишвар тағйир надиҳад, Пхенян озмоишҳои мушакии густурдатаре анҷом хоҳад дод.
-
Jan 02, 2018
Эътилофи Саудӣ дар ҷадидтарин ҷинояти худ бо ҳамла ба бозоре дар Алҳудайдаи Яман 20 нафарро кушт.
-
Jan 02, 2018
Ғизои кам ва пашшаи фаровон дар бахшҳое аз Африқо сабаб шудааст, бархе аз бумиёни ин манотиқ ба шикори пашша ва хӯрдани он рӯй оваранд. Ба ин манзур онҳо бо такон додани зарфи хӯрокпазӣ (кастрюля)-и равғанолуд дар ҳаво пашшаҳоеро, ки ба кафи он мечаспанд, ҷамъоварӣ ва сурх карда мехӯранд.
-
Jan 02, 2018
Раисҷумҳури Тоҷикистон Қонуни маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамокуро имзо кард.
-
Jan 02, 2018
Вазорати умури хориҷаи Русия рӯзи душанбе ин баёнияро дар вокуниш ба мавзеъгириҳои ахири Амрико ва бархе муттаҳидонаш аз ҷумла режими саҳюнистӣ дар қиболи нооромӣ дар бархе шаҳрҳои Эрон, содир кард.
-
Jan 02, 2018
Як меъмори ғайримусулмон яке аз аҷибтарин масҷидҳои Австралияро сохтааст. Ин масҷид 99 гунбад дорад ва аз шигифтиҳои меъмории ҷаҳон аст.
-
Jan 02, 2018
Як зани мусулмони доғистонӣ рақиби интихоботии Владимир Путин, раисҷумҳури Русия мешавад.
-
Jan 02, 2018
Дар Русия аз рӯзи аввали январи соли 2018 муҷозоти ба иҷора додани хонаву василаи нақлия ба коргарони хориҷии ғайриқонунӣ афзоиш ёфт ва мутахаллифонро ҷаримаҳои молии сангин дар интизор аст.
-
Jan 02, 2018
Мудофеи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия муътақид аст, ки соли 2018 барои коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ бо мушкилоти зиёде ҳамроҳ хоҳад буд.
-
Jan 02, 2018
Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон таъкид кард, ончи дар интернет рӯзҳои ахир алайҳи ҷумҳурии исломии Эрон рух медиҳад, ҷанги ниёбатӣ алайҳи миллати Эрон аст.
-
Jan 01, 2018
Ҳарбин, маркази устони Ҳейлонг Чианг дар Чин, ҳар сола бо оғози соли нав барои ҷашнвораи байналмилалии муҷассамаҳои яхӣ ва барфӣ омода мешавад.
-
Jan 01, 2018
Раисҷумҳури Узбакистон гуфт, вазифаи аслии давлат дар соли 2018 беҳбуди кайфияти зиндагии мардум ва мустаҳкамтар шудани фазои сулҳу субот дар кишвар аст.