Ҷустуҷу
-
Mar 25, 2020
Мухолифатҳо бо таҳримҳои золимонаи Амрико алайҳи Эрон, ба вижа дар шароити кунуни ба даруни ҳукумати Амрико низ кашида шудааст.
-
Mar 25, 2020
Давлати Туркманистон барои пешгири аз густариши вируси Корона қавонини наверо дар заминаи ҳамлу нақли бор дар ин кишвар эълон кард.
-
Mar 25, 2020
Узви фроксюни амният ва дифо дар парлумони Ироқ аз ибтилои шуморе вз низомиёни амрикоии мустақар дар ин кишвар ба вируси Карона хабар дод.
-
Mar 25, 2020
Нишасти нахуст вазирони ҷомиъаи кишварҳои мустақили Ҳамсуд дар таърихи таъиншуда баргузор мешавад.
-
Mar 25, 2020
40 шаҳрванди тоҷикистонӣ дар Деҳлии Нав пойтахти Ҳинд, ки дар пайи шуюи вируси Корона қасд доштанд ба кишварашон боз гарданд, дар пайи қатъи парвозҳо миёни ду кишвар саргардон шудаанд.
-
Mar 25, 2020
Вазирони умури хориҷаи Эрон ва Русия сешанбешаб телефонӣ дар бораи шуюи ҷаҳонии коронавирус ва таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон ройзанӣ карданд.
-
Mar 25, 2020
Вазорати беҳдошт, драмон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълон кард: токунун 9 ҳазор ва 625 нафар касоне. ки дар Эрон ба вируси Корно мубтало шудаанд, беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мурахас шудааснд.
-
Mar 25, 2020
Ҳамзамон бо афзоиши шумори мубталоён ба коронавирус дар Ироқ ба 316 нафар, Созмони басиҷи мардумии ин кишвар "Ҳашдушшаъбӣ" аз эҳдоси як бемористони саҳроӣ дар вилояти Карбало, маркази Ироқ бо ҳадафи муқобила бо шуюи ин вирус хабар дод.
-
Mar 25, 2020
Антонио Гутерриш, дабирикулли Созмони Миллали Муттаҳид зимни ҳимояти комил аз баёнияи Мишел Бачелет (michelle bachelet), комиссер олии ҳуқуқи башари ин созмон мабнӣ бар лузуми бардошта шудани таҳримҳо аз кишварҳое, ки даргири коронавирус ҳастанд, аз ҳамаи кишварҳо хост бо Эрон дар мубориза бо ин вирус ҳамкорӣ кунанд.
-
Mar 25, 2020
Шурои коршиносони илмии Фаронса дар тавсия ба давлати Макрон таъкид кард барои маҳори коронавирус, карантини хонагӣ дар ин кишвар бояд шаш ҳафта идома ёбад.
-
Mar 25, 2020
Беш аз 5 ҳазор нафар дар робита бо пешгирӣ аз бемории коронавирус дар Тоҷикистон карантин шуданд.
-
Mar 25, 2020
Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ширкатҳои саноатӣ дар минтақаи иқтисодии Суғд дар Хуҷанд боздид кард.
-
Mar 25, 2020
Хабаргузории расмии Сурия "САНА" сешанбешаб аз вазъи муқаррароти манъи омаду шуд дар ин кишвар барои муқобила бо коронавирус хабар дод.
-
Mar 25, 2020
Манобеи чинӣ аз эҳтимоли шуюи як вируси нави дигар дар ин кишвар хабар доданд.
-
Mar 24, 2020
Ҷамъе аз ҳунармандони эронӣ дар номае ба ҳунармандони ҷаҳон, аз онҳо хостанд, барои муқобила бо зулме, ки ба мардуми Эрон дар паи эъмоли таҳримҳои Амрико мешавад, ба тааҳҳудоти худ амал кунанд.
-
Mar 24, 2020
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард: То кунун 8913 нафар аз касоне, ки дар Эрон ба коронавирус мубтало шудаанд, беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.
-
Mar 24, 2020
Раисҷумҳури Қирғизистон дар ҳукме бо ҳадафи мубориза бо афзоиши хурӯҷи коронавирус дар ин кишвар вазъи изтирорӣ эълом кард.
-
Mar 24, 2020
Таҷҳизоти низомии ҷадид ба фармондеҳони пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон таҳвил шуд.