Март 24, 2020 17:23 Asia/Dushanbe
  • Эъломи ҳолати изтирорӣ дар Қирғизистон

Раисҷумҳури Қирғизистон дар ҳукме бо ҳадафи мубориза бо афзоиши хурӯҷи коронавирус дар ин кишвар вазъи изтирорӣ эълом кард.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, Соронбой Жээнбеков, раисҷумҳури Қирғизистон дар ҳукме эълом кард: Дар шаҳрҳои Бишкек, Ош, устонҳои Ҷалолобод ҳолати изтирорӣ барқарор мешавад.

Бар асоси муқаррароти ҳолати изтирорӣ, аз имрӯз то 15 апрел маҳдудиятҳои мухталиф барои омаду рафти шаҳрвандон эҷод хоҳад шуд ва нерӯҳои низомӣ бар шаҳрҳо ва устонҳои кишвар назорат хоҳад кард.

Тибқи ин ҳукм, шаҳрвандони қирғиз набояд хонаҳои худро тарк кунанд ва дар сурати мухталиф нерӯҳои интизомӣ бо мутахаллифон бархӯрди ҷиддӣ мекунанд.

 

Барчасп