Ҷустуҷу
-
Apr 18, 2021
Намойшгоҳи осори ҳунарӣ ва тарихии Тоҷикистон дар Фаронса кушоиш меёбад.
-
Apr 18, 2021
Ҳудуди 4100 тонна кумакҳои башардӯстона аз январи имсол то ҳол ба Тоҷикистон таҳвил дода шудааст.
-
Apr 18, 2021
Малайзия нақшаи сохтани Донишгоҳи Техникии Иттилоотро ба мақомоти Тоҷикистон пешниҳод кард.
-
Apr 18, 2021
Нишасти машваратии видеоконференсия бо иштироки намояндагони касбу кори Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд.
-
Apr 18, 2021
Раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон арзиши тиҷорати ин кишвар бо Русия дар 10 соли ахирро 9 миллиард доллар эълом кард.
-
Apr 18, 2021
Дар паи ҳушдори вазорати кишвари Русия ба 247 ҳазор тоҷики ғайриқонунии ҳозир дар ин кишвар, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон баёнияе мунташир кард.
-
Apr 18, 2021
Расонаҳои хабарӣ ва коршиносони масоили сиёсии Қирғизистон ба эъломи мавзеи раисҷумҳури Тоҷикистон дар бораи вогузор нашудани деҳаи Ворух ба кишвари ҳамсоя вокуниш нишон доданд.
-
Apr 17, 2021
Тоҷикистон Созмони амният ва ҳамкории Аврупоро ба пойбанд набудан ба кумак дар ислоҳоти сохтории полиси кишвар муттаҳам кард.
-
Apr 17, 2021
Агентии давлатии омори Тоҷикистон аз афзоиши 43 дарсадии содироти барқ ба хориҷ тайи се моҳи нахусти имсол дар муқоиса бо давраи монанди 2020 хабар дод.
-
Apr 17, 2021
Дар деҳаи марзии Хоҷа Аъло дар ноҳияи Исфара миёни сокинони тоҷик ва қирғиз дубора бар сари истифода аз манобеи об даргирӣ рух додааст.
-
Apr 17, 2021
Раисҷумҳури Тоҷикистон ва раиси Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар дидоре дар Душанбе мавзуоти гуногун дар равобити дуҷонибаро баррасӣ карданд.
-
Apr 17, 2021
Вазорати умури дохилии Русия аз кишварҳои ИДМ хост, бо шаҳрвандонашон, ки дар қаламрави Русия ғайриқонунӣ қарор доранд, корҳои фаҳмондадиҳӣ баранд, то кор ба ихроҷи маҷбурияшон накашад.
-
Apr 17, 2021
Бори аввал як рӯҳонии зодаи Тоҷикистон дар Русия ба маснади имомхатибӣ расид. Абдулҳай Имонқулови тоҷикистонӣ, бо қарори муфтии музофоти Шарқи дур Рамазан Алиев имомхатиби масҷиди марказии музофоти Хабаровск таъйин шуд.
-
Apr 16, 2021
Нахустин бор аз замони истиқлоли Тоҷикистон дар соли 1991 то кунун дар муддати се моҳи нахусти имсол мизони содироти кишвар беш аз воридот шуд.
-
Apr 16, 2021
Истиқлоли Тоҷикистон дар аввалин ҳузури худ дар марҳилаи гуруҳии мусобиқоти қаҳрамонии бошгоҳҳои Осиё, дар баробари Шабоб ал-Аҳли Иморот ба як имтиёзи арзишманд даст ёфт.
-
Apr 15, 2021
Ҳамкормони оқои Халилӣ ба баррасии мавзӯъи молиёти гарону мушкилоти бахши хусусӣ ва тавлидкунандагон дар Тоҷикистон пардохтааст, ки мешунавед .
-
Apr 15, 2021
Тавофуқномаи оғози ҳамлу нақли ҷодаии байналмиллалӣ байни Тоҷикистону Гурҷистон имзо шуд .
-
Apr 15, 2021
Вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон бо вазири умӯри хориҷаи Шветсия дидор кард .
-
Apr 15, 2021
Мақомоти баландпояи Тоҷикистону Чин дар шаҳри Душанбе дидор ва бар густаришу тақвияти ҳамкорӣ дар заминаи мубориза бо тероризму ифротгароӣ таъкид карданд.
-
Apr 15, 2021
Муовини аввали вазири дифои Тоҷикистон бо ҳамтои русии худ дар Маскав дидору гуфтугӯ кард.