Баргузории ҳамоиши маҷозии доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Узбекистон
(last modified Sun, 18 Apr 2021 13:23:41 GMT )
Апрел 18, 2021 18:23 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ҳамоиши маҷозии доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Узбекистон
    Баргузории ҳамоиши маҷозии доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Узбекистон

Нишасти машваратии видеоконференсия бо иштироки намояндагони касбу кори Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Эки пресс, намояндагони касбу кори тоҷик ва узбек дар ҳамоиши бархат. ки дар маҳалли утоқи бозаргонӣ ва саноати  Тоҷикистон баргузор шуд, бо якдигар табодули назар карданд. 

Дар ин ҳамоиши маҷозӣ «Эргашшоҳ Исматов» сафири Узбекистон, «Насим Анваров» муовини аввали утоқи бозаргонӣ ва саноати Тоҷикистон ва «Дамир Ҷалдесов» раиси утоқи бозаргонӣ ва саноати Қрарақалпоқистон ва ҳамчунин 25 нафар аз туҷори ду кишвар назароти худро дар бораи роҳҳои тавсеаи муносиботи тиҷорӣ баён карданд. 

 Дар поёни конфаронси масъулони утоқҳои бозаргонӣ ва саноеи ду кишвар тасмим гирифтанд ҳамкории байни ниҳодҳои марбутро густариш диҳанд ва тавофуқномае ҳам дар заминаи ҳамкории байни утоқҳои саноеъ ва бозаргонии Ҷумҳурии худмухтори Қарақалпоқистон ва вилояти «Хатлон»-и Тоҷикистон имзо кунанд.

 

Бештар бихонед: