Ҷустуҷу
-
Dec 16, 2018
Сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон гуфт: Хезише аз виҷдонҳои бедори ҷаҳонӣ барои таваққуфи ҷанг дар Яман оғоз шудааст.
-
Dec 16, 2018
Як устоди донишгоҳ дар Русия аз зинда будани Гулмурод Ҳалимов ва эҳтимоли истиқрори ӯ дар Афғонистон хабар дод.
-
Dec 16, 2018
Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷии Эрон дар гуфтугӯ бо шабакаи хабарии “Алҷазира” иддаои мақомҳои амрикоӣ мабнӣ бар нақзи қатъномаи 2231-и Шӯрои амният аз ҷониби Эронро рад кард.
-
Dec 16, 2018
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур додааст, ки то аввали моҳи апрели соли 2019 бо насби дастгоҳҳои кортхон, заминаи пардохтҳои ғайринақдӣ дар ин кишвар фароҳам шавад.
-
Dec 16, 2018
Марги духтари ҳафт солаи муҳоҷир дар Амрико, идомаи сиёсати зидди муҳоҷиратии Трампро дар ин кишвар ба шиддат зери савол бурда аст.
-
Dec 16, 2018
Мақомоти Ожонси давлатии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон аз мусодираи 2 тон маводи мухаддир дар ин кишвар дар моҳҳои май то ноябр хабар доданд.
-
Dec 15, 2018
Намояндагони кишварҳои исломӣ дар нишасти Истамбул, иқдоми Амрико дар ба расмият шинохтани Қудс ба унвони пойтахти режими саҳюнистиро маҳкум карданд.
-
Dec 15, 2018
Раисиҷумҳури Ироқ дар ҷашни солгарди пирӯзии ин кишвар бар гурӯҳаки такфирии террористии ДИИШ, аз мавозеъ ва ҳимоятҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин ҷанги 3 сола ба таври вижа, қадрдонӣ ва ташаккур кард.
-
Dec 15, 2018
Эътилофи кишварҳои муҳоҷим ба Яман ба саркардагии Арабистон, танҳо дар 24 соати нахусти тавофуқномаи сулҳ ва оташбас дар Ал Ҳудайда, 21 бор онро нақз ва ба шаклҳои мухталиф ба шаҳри Ал Ҳудайда ҳамла кард.
-
Dec 15, 2018
Чаҳорумин ҳамоиши солонаи эроншиносон ва устодони забони форсӣ дар Русия бо ҳадафи тақвияти эроншиносӣ ва баррасии роҳҳои густариши забони форсӣ, масоил ва мушкилоти мавҷуд ва чашмандозҳои оянда дар Маскав баргузор шуд.
-
Dec 15, 2018
Донишмандони марказм омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон аз об шудани бузургтарин пиряхи мавсум ба “Ҷамъияти ҷуғрофияи Русия” дар кӯҳистони Бадахшон ибрози нигаронӣ кардаанд.
-
Dec 14, 2018
Музокироти сулҳи Яман дар Шветсия бо назорати Созмони милал рӯзи панҷшанбе ба тавофуқи Ансоруллоҳ ва давлати ба истеъфо рафта дар бораи таваққуфи ҷанг дар шаҳри Алҳудайда воқеъ дар соҳили Баҳри Сурх анҷомид.
-
Dec 14, 2018
Ҳамкорамон Ғафурӣ бо гардише дар сайтҳои мухталиф ва муруре бар хабарҳо ва таҳлилҳои як ҳафтаи ахир дар бораи масоили Тоҷикистон, муҳимтарин матолибро барои шумо интихоб кардааст.
-
Dec 14, 2018
Бо гузашти беш аз як моҳ аз ошуб дар зиндони шаҳри Хуҷанд, пасларзаҳои ин ҳодиса ҳамчунон идома дорад.
-
Dec 14, 2018
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ва муовини Кумитаи шӯрои федератсияи Русия дар умури дифоъ ва амният дар Душанбе бо якдигар дидор ва бар афзоиши ҳамкорӣ дар ин замина таъкид карданд.
-
Dec 14, 2018
Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон бо ишора ба тавтиаҳои душманон зидди Эрон аз замони пирӯзии инқилоби исломӣ гуфт: Душманон дар расидан ба аҳдофи шуми худ ноком хоҳанд монд.
-
Dec 13, 2018
Масъулони “Соҳибкорбонк” аз соли ҷадиди 2019 милодӣ тасмим ба эҷоди низоми бонкдории исломӣ гирифтаанд. Аммо коршиносон мегӯянд, пас аз варшикастагии теъдоде аз бонкҳои бузург дар Тоҷикистон, ҳоло масъулон талош доранд, то аз ин тариқ эътимоди мардум ба бонкҳоро ҷазб кунанд.
-
Dec 13, 2018
Маркази контрол ва пешгирии бемориҳо эълом кард, ҳудуди 39773 нафар танҳо дар соли 2017 дар Амрико бар асари тирандозӣ бо аслиҳа, ҷони худро аз даст додаанд.
-
Dec 13, 2018
Ҷонишини фармондеҳи нерӯи интизомии Ҷумҳурии Исломии Эрон (НОҶО) аз боздошти 12 нафар дар робита бо ҳодисаи террористии Чобаҳор, ҷанубиу шарқи Эрон, хабар дод.