Ҷустуҷу
-
Май 11, 2019
“Бар боли андеша” маҷмуъа барномае аст, ки бо ҳадафи ташвиқи мардум ба мутолиаи китоб ба муъаррифии бузургтарин нависандагони дунё ва осори онҳо мепардозад. Ин барнома рӯзҳои ҷумъа аз радиои тоҷикии Садои Хуросон пахш мешавад.
-
Май 11, 2019
Мудирияти ширкати гардишгарии Central AsiaTravel дар Русия муътақид аст,Кӯҳҳои Бадахшони Тоҷикистон аз ҷазобияти зиёде барои гардишгарони хориҷӣ бархурдор буда ва беҳтар аст,ки дар ин замина мақомоти Душанбе бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамкори кунанд.
-
Май 10, 2019
Хатиби намози ҷумхаи Теҳрон бо ишора ба таваққуфи бархе иқдомоти Эрон дар БАРҶОМ таъкид кард: Шӯрои амнияти СММ, ҷомеаи ҷаҳонӣ ва аврупоиҳо дар БАРҶОМ дар маърази озмуни бузурге қарор доранд.
-
Май 10, 2019
Эътироз ба афзоиши молиёт сабаб шуд, ки барои се нафар аз аҳолии ноҳияи Шаҳритӯс дар ҷануби Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ кушода шавад.
-
Май 10, 2019
Ҳамзамон бо 74-умин солрӯзи пирӯзии Шӯравии собиқ бар Олмони фашистӣ дар саросари Тоҷикистон маросими ҷашн ва бузургдошти ин рӯйдоди таърихӣӣбаргузор шуд.
-
Май 10, 2019
Мардуми Эрон бо баргузории роҳпаймоӣ дар саросари кишвар аз таваққуфи бархе иқдомоти Эрон дар БАРҶОМ ҳимоят карданд.
-
Май 09, 2019
Раисиҷумҳури Фаронса дар вокуниш ба иқдоми БАРҶОМ-ии Эрон, аз ин кишвар хост то ба тааҳҳудоти ҳастаии худ дар ин тавофуқ пойбанд бимонад.
-
Май 09, 2019
Як рӯз пас аз иқдоми Эрон ба таълиқи бархе тааҳҳудоти худ дар БАРҶОМ, Иттиҳоди Аврупо ибрози умедворӣ кард, Теҳрон дар чорчӯби ин тавофуқ бимонад.
-
Май 09, 2019
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон, сиёсатҳои хасмонаи Амрико зидди Куба бавижа бардоштани таълиқи бахши се қонуни таҳримии " Helms - Burton"-ро маҳкум ва таъкид кард: Вашингтон бо ин иқдом бори дигар нишон дод барои фишор ба кишварҳои мустақил аз ҳар абзори ғайримашрӯе истифода мекунад.
-
Май 09, 2019
Сафири собиқи Фаронса дар Эрон тасмими барҷомии ин кишварро барномарезишуда хонд ва гуфт Эрон намехоҳад дар доми Амрико биафтад.
-
Май 09, 2019
Ҳукумати Узбакистон дар иқдоме ҷолиб, ҳазинаи Ҳаҷ барои мусалмонони ин кишварро коҳиш дод.
-
Май 09, 2019
Вазорати умури хориҷаи Туркманистон аз баргузории ёздаҳумин даври нишасти камиссиони байнидавлатии ҳамкориҳои иқтисодии ин кишвар ва Русия дар Ишқобод хабар дод.
-
Май 09, 2019
Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ асри чаҳорашнбе дар дидори ҳудуди ду ҳазор нафар аз талабаҳои саросари Эрон, фозилон, устодон ва мудирони ҳавзаҳои илмия, вазифаи ҳавзаҳо ва олимони динро баёни маорифи ислом ва талош барои амалисозии онҳо дар ҷомеъа хонданд ва таъкид карданд, олимон дар мақоми варасаи паёмбарон бояд барои амалисозии тавҳид ва иқомаи қист, муҷоҳидат кунанд .
-
Май 09, 2019
Намояндаи додситонии вилояти Суғд дар додгоҳи муҳокимаи омилҳои ошуб дар зиндони Хуҷанд, барои муттаҳамон дар ин қазия дархости 10 то 20 сол маҳкумият кардааст.
-
Май 09, 2019
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе раиси собиқи Иттиҳодияи ширкатҳои кишоварзӣ ва бахши хусусии Тоҷикистон ва узви Ҳизби халқи демократи ин кишварро ба иттиҳоми фиреби шаҳрвандон ба баҳонаи эъзом барои кор ба Норвегия ба 6 сол зиндон маҳкум кард.
-
Май 09, 2019
Додгоҳе дар шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон 12 нафар аз коргарони муҳоҷири тоҷикро, ки аз Русия ва Қазоқистон ба кишварашон баргашта буданд ба иттиҳоми ифротигарӣ ба 5 то 8 сол зиндон маҳкум кард.
-
Май 08, 2019
Вазири умури хориҷаи Эрон ва вазири умури хориҷаи Русия имрӯз (чаҳоршанбе) дар Маскав дидор ва дар бораи масоили дуҷониба ва минтақаӣ гуфтугӯ карданд.
-
Май 08, 2019
Сокинони Нуробод дар ноҳияи Ҷалолуддини Румии вилояти Хатлони Тоҷикистон аз баста шудани 5 масҷид ба далели иҷро нашудани барномаи эъзоми ҷавонони ин минтақа ба хидмати ҳарбӣ хабар доданд.
-
Май 08, 2019
Сафирони кишварҳои узви БАРҶОМ шомили Олмон, Англия, Чин, Русия ва Фаронса имрӯз чоршанбе ба Вазорати умури хориҷаи Эрон даъват шуданд ва номаи раисҷумҳури Эрон ба онҳо таслим шуд.
-
Май 08, 2019
Тавофуқи ҳастаии БАРҶОМ, тавофуқе бисёр муҳим дар ростои ҳифзи сулҳу амнияти байналмиллалӣ ба ҳисоб меояд, аммо Амрико ба манзури фурупошии ин тавофуқ дар 8 майи 2018 аз он хориҷ шуд.