Ҷустуҷу
-
Май 04, 2017
Раиси Эътилофи бонувони рӯзноманигори Тоҷикистон аз дархости паноҳандагии 20 рӯзноманигори тоҷик дар кишварҳои хориҷӣ хабар дод.
-
Май 03, 2017
Зиёратшоҳи Аҳмадшоҳ: Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо ислоҳоте дар қонуни хадамоти давлатӣ, савганди вафодориро барои беш аз 19 ҳазор корманди давлатии ин кишвар илзомӣ кард. Аммо коршиносон ба судманд будани ин савганд дар иҷрои вазифаи кормандон бо дидаи тардид менигаранд.
-
Май 03, 2017
Сомонаи “Ахбор”, ки тайи рӯзҳои ахир ба ифшогарӣ аз парвандаи пурсарусадои 9 корманди боздоштшудаи Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон мепардозад, мизони дороиҳои Фирӯз Холмуродзода, яке аз ин мақомотро эълом кард.
-
Apr 29, 2017
Раиси Созмони коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия муътақид аст, ки муҳлати 30- рӯзаи таъйиншуда аз сӯйи давлати Маскав барои баррасии афви ин афрод кофӣ набуд ва ин барнома бояд ба наҳви дигаре иҷро мешуд.
-
Apr 23, 2017
Барпоии намоишгоҳи колоҳои Узбакистон дар Душанбе назари мардуми Тоҷикистонро ба афзоиши ҳамкории иқтисодии кишварашон бо Узбакистон мусбат кардааст.
-
Apr 23, 2017
Додгоҳи ноҳияи Ҷамбули Қазоқистон бо муқассир донистани ду афсари пулиси ин минтақа ба далели ғорати ронандаҳои Тоҷикистон, ҳар як аз ин дуро ба 3, 5 сол зиндон ва барои ҳамеша аз ҳаққи кор дар ниҳодҳои давлатӣ маҳрум карда ва барои мусодираи молу мулкашон амр додааст.
-
Apr 23, 2017
Иқтисоддони мустақили тоҷик бо ҳимоят аз густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Тоҷикистон ва Узбакистон, баргузории нахустин намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Узбакистон дар шаҳри Душанберо ба нафъи ин ду кишвари ҳамсоя донист.
-
Apr 22, 2017
Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон, ахбори матраҳ шуда дар бархе расонаҳо бино бар ҳузур наёфтани Муҳаммадҷаводи Зариф дар Тоҷикистон, дар сафари ахири худ ба Осиёи Миёна гуфт, адами ҳузури вай ба маънои сардии равобит нест ва набояд бо ин маврид, равобити хуби Эрон ва Тоҷикистонро хадшадор кард.
-
Apr 22, 2017
Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми маҳкумияти як сарбоз ва ду афсари яке аз воҳидҳои низомии Вазорати дифои ин кишвар дар шаҳри Душанберо ба иллати марги сарбоз Эҳсон Элчибеков эълом кард.
-
Apr 19, 2017
Донишҷӯёни тоҷикистонии Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад дар ҷашнвораи “Фарҳанги милал”, ки рӯзҳои 17 то 19-уми апрел дар ин донишгоҳ баргузор шуд, ҳузуре фаъол доштанд, ба тавре, ки ғурфаи Тоҷикистон яке аз пурбоздидтарин ғурфаҳои ин ҷашнвора буд.
-
Apr 18, 2017
Донишҷуёни тоҷик, ки дар Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад машғул ба таҳсил ҳастанд, аз шароит ва имконоте, ки дар ин донишгоҳ дар ихтиёр доранд, ибрози ризоиятмандӣ карданд.
-
Apr 18, 2017
Раиси идораи донишҷӯёни хориҷии Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад ва дабири Ҷашнвораи фарҳанги милал истиқбол аз ин ҷашнвораро бисёр мусбат арзёбӣ карда, мушорикати чашмгири донишҷӯёни тоҷикро сутуд.
-
Apr 18, 2017
Мизони кумакҳои муҳоҷирони тоҷик ба кӯдакони ниёзманд дар Тоҷикистон бо истифода аз имконоти шабакаҳои иҷтимоӣ ва маҷозӣ рӯ ба афзоиш аст.
-
Apr 16, 2017
Бар асоси як назарсанҷии анҷом шуда, тавассути сомонаи Ахбор, дар мавриди афви коргарони муҳоҷири ихроҷии тоҷик аз Русия, аксари коргарони муҳоҷири тоҷики муқими ин кишвар, хостори фаъолият дар Тоҷикистон мебошанд ва муътақиданд, ки бояд дар кишварашон барои онон иштиғолзоӣ шавад.
-
Apr 10, 2017
Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони шинохтаи тоҷик, ки ахиран барои рафтори носазо ду сол аз ҳаққи ширкат дар мусобиқаҳои дохилӣ маҳрум шуд, дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо - “Grand-Prix Antalya 2017” мақоми дуввумро касб намуд.
-
Apr 09, 2017
Хабари мамнуияти фаъолияти ронандагии муҳоҷирони хориҷӣ дар Русия дар бахши нақлиёти ин кишвар муҳоҷирони тоҷикистонии дар ин кишварро нигарон кардааст.
-
Apr 08, 2017
Мақомоти Русия мегӯянд, дар иртибот бо ҳодисаи инфиҷори террористӣ дар метрои шаҳри Санкт-Петербург, 8 нафар аз ҷумла як шаҳрванди Тоҷикистон дар Маскавро боздошт кардаанд.
-
Apr 08, 2017
Мусташорони русии пойгоҳи 201 дар Тоҷикистон, барои 600 афсар ва сарбози нерӯҳои мусаллаҳи тоҷик давраи омӯзишӣ баргузор карданд.
-
Apr 06, 2017
Идораи Хадамоти амнияти федералии Русия дар вилояти Кемерово, дар минтақаи Сибир, аз боздошти 6 шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми ифротигарӣ хабар дод.
-
Apr 05, 2017
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон фаъолияти шаҳрвандони дорои мақоми ду тобеиятӣ дар Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоби ин кишварро мамнуъ кард, ки манзур тобеияти русии ин афрод мебошад.