Ҷустуҷу
-
Jul 03, 2018
Нахуствазири Тоҷикистон ва раиси Палатаи ҳисоби Чин бо якдигар дидор ва бар густариши ҳамкориҳои дуҷониба таъкид карданд.
-
Jul 03, 2018
Марзбонони Қирғизистон дар марзи муштараки ин кишвар бо вилояти Суғди Тоҷикистон 9 гардишгари хориҷӣ ва ду қирғизро ба иттиҳоми убури ғайримуҷоз аз марз боздошту ҷарима кардаанд.
-
Jul 02, 2018
Русия аз мубориза бо ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин дар Тоҷикистон ва Қирғизистон хабар дод.
-
Jul 02, 2018
Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз ифшо шудани 11 мавриди ришвахорӣ ва ду мавриди нақзи Қонуни танзими ҷашн ва маросим дар ин кишвар, тайи як моҳи ахир хабар дод.
-
Jul 01, 2018
Тоҷикистон дар талош аст муборизони тоҷики пушаймон дар гурӯҳҳои террористиро ба кишвар бозгардонад.
-
Jul 01, 2018
Мусофирони масирҳои Душанбе – Маскав ва баракс аз бурузи таъхирҳои зиёд дар парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ миёни ин ду кишвар шикоят мекунанд.
-
Jun 30, 2018
Афзоиши рақобати қудратҳои истикборӣ барои нуфузи ҳарчӣ бештар дар манотиқи геопалитикӣ ва ғанӣ ба лиҳози манобеи табиӣ ва афзоиши ҷангҳои наёбатии онон дар қолаби гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ дар ғарби Осиё ва бавижа Афғонистон ва марзҳои шимолии он боис шудааст, раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бавижа раисиҷумҳури Тоҷикистон нисбат ба ояндаи торики ин мавзӯъ, ҳушдор диҳанд.
-
Jun 30, 2018
Намояндагони порлумони Тоҷикистон бо баргузории чаҳорумин нишасти маҷлиси ин кишвар, ба таътилоти тобистонӣ рафтанд.
-
Jun 30, 2018
Сухангӯи нируҳои марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, таҳдидот ва ҳамалоти мустақими гурӯҳҳои мусаллаҳ аз қаламрави Афғонистон ба хоки ин кишварро рад кард.
-
Jun 30, 2018
Меҳрубон Сатторов як узви пешини фаоли "Гуруҳи 24" дар паёме видеоӣ дар саҳифаи Фейсбуки худ хабар дод, ки ҳамроҳи Султон Шарифов як узви дигари ин гуруҳ ба ихтиёри худаш ба Тоҷикистон бозгаштааст.
-
Jun 30, 2018
Сухангӯи Ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи Русия аз эҷоди гурӯҳҳои вижаи низомӣ барои мубориза бо ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин дар бархе кишварҳои Осиёи Марказӣ, монанди Тоҷикистон ва Қирғизистон хабар дод.
-
Jun 30, 2018
Александр Фролов, муовини мудири Пажӯҳишгоҳи миллии энержӣ дар Русия муътақид аст, Қазоқистон наметавонд бензини бокайфият ба Тоҷикистон содир кунад ва дар бозори сӯхти ин кишвар ҷойгузини Маскав шавад.
-
Jun 29, 2018
Раиси утоқи бозаргонии Тоҷикистон бо муовини раиси намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-и Аморот, дидор ва дар бораи ҳузури Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ музокира кард.
-
Jun 29, 2018
Вазирони фарҳанги Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар Боку дидор ва дар бораи масоили марбут ба тавсиа ва тақвияти равобити фарҳангии ду кишвар гуфтугӯ карданд.
-
Jun 29, 2018
Дар гузориши солонаи Вазорати хориҷаи Амрико дар бораи "Тиҷорати инсон", вазъияти мубориза бо бардадорӣ дар Тоҷикистон бад ва номатлуб тавсиф шудааст.
-
Jun 28, 2018
Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз афзоиши солонаи шиканҷа дар ин кишвар, изҳори нигаронӣ кардаанд.
-
Jun 28, 2018
Чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон, ки пас аз ошӯби нокоми Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи Вазорати дифоъ, ба ин кишвар фирор карда буданд, боздошт ва ба дасти мақомоти тоҷик супурда шудаанд.Ин шаҳрвандони Тоҷикистон дар минтақаи Бадахшони Афғонистон паноҳ бурда будаанд.
-
Jun 28, 2018
27-уми июн солгарди имзои тавофуқномаи Ваҳдати миллии Тоҷикистон