Ҷустуҷу
-
Mar 15, 2019
Рӯзи ҷумъа авзо дар марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ором гузориш шуда, вале нигаронӣ аз такрори муноқишаҳо ҳамчунон вуҷуд дорад.
-
Mar 14, 2019
Тими футсоли Эрон бо касби 1663 имтиёз ҳамчунон дар раддаи сеюми бартарин тимҳои ҷаҳон қарор дорад.
-
Mar 14, 2019
Сенатори зани амрикоӣ, хостори пайгирии мавзӯи афзоиши озори ҷинсии занон дар артиш Амрико шуд.
-
Mar 14, 2019
Раиси иҷроии Ҳизби ҷамъияти исломӣ ва устондори собиқи Балхи Афғонистон, дар шаҳри Мазори Шарифи ин кишвар ҳолати фавқулъода эълом кард.
-
Mar 14, 2019
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар севумин рӯз аз сафари муҳим ва роҳбурдии худ ба Ироқ, бо ҳузур дар Наҷафи Ашраф, бо оятуллоҳ Систонӣ, марҷаи олиқадри шиаёни Ироқ дидор ва гуфтугӯ кард.
-
Mar 14, 2019
Маросими бузургдошти Наврӯз аз сӯи 12 кишвари Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Қазоқистон, Узбакистон, Туркманистон, Ҳинд, Покистон, Ироқ ва Туркия дар маҳалли Созмони Миллал дар Вена ва бо ҳузури раисон ва намояндагони созмонҳои байналмиллалӣ ва сафирон ва депломатҳои муқим баргузор шуд.
-
Mar 14, 2019
Буюк-Ода ё ҷазираи Принсесса бузургтарин ҷазира аз байни 9 ҷазираи атрофи Истанбул дар баҳри Мармара аст. Ин ҷазира дар худ сохтмони таърихии 120 соларо ҷой додааст, ки пештар ятимхонаи ақаллияти юнониҳо будааст. Бинои ин ятимхона бузургтарин бинои аз чӯб сохташудаи Аврупо ба шумор меравад.
-
Mar 14, 2019
Бар асари даргирӣ дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон як сокини ноҳияи Исфара кушта ва 20 нафари дигар захмӣ шудаанд.
-
Mar 14, 2019
Полиси низомии Бразилия эълом кард шумори куштаҳои тирпаронӣ дар мактабе дар ин кишвар ба 10 нафар афзоиш ёфт.
-
Mar 14, 2019
Гунбази масҷиди тоза сохта шудаи яке аз рустоҳои шаҳри Норак дар вилояти Хатлони Тоҷикистон тахриб шуд.
-
Mar 13, 2019
Созмони Милали Муттаҳид (UNOPS) қасд дорад дафтари хадамоти минтақаии худ дар Осиёи Марказиро дар пойтахти Тоҷикистон ифтитоҳ кунад.
-
Mar 13, 2019
Оятуллоҳ Систонӣ, марҷаи бузурги мусалмонони ҷаҳон зӯҳри имрӯз дар дидори Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Наҷафи Ашраф, бо истиқбол аз тавсеаи равобити Ироқ бо ҳамсоягон, аз нақши “дӯстон” –и ин кишвар дар ғалаба бар террористҳои ДИИШ қадрдонӣ кард.
-
Mar 13, 2019
Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман сешанбешаб эълом кард, мутаҷовизони саудӣ ва муздурони онҳо дар 72 соати гузашта 534 бор оташбас дар шаҳри Алҳудайда, ғарби Яманро нақз кардаанд.
-
Mar 13, 2019
Як паноҳҷӯи тоҷик муддаӣ аст, ки маъмурият доштааст дар Аврупо барои ҳукумати Тоҷикистон ва бар зидди мухолифони ин ҳукумат, ба вижа Ҳизби мамнуъаи наҳзати исломӣ ҷосусӣ кунад.
-
Mar 13, 2019
Ба дунболи вуқуъи сониҳаи маргбори суқути ҳавопаймои мусофирбарии Эфиопия, Бельгия, Полша ва Туркия низ парвози ҳавопаймоҳои Боинг бар фарози кишварҳои худро мамнуъ эълом карданд.
-
Mar 13, 2019
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва намояндаи Сандуқи байналмиллалии пул дар дидоре дар Душанбе роҳҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ карор доданд.
-
Mar 13, 2019
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳеро омода кардааст, ки бар асоси он ширкатҳои хориҷии хадамоти интернетӣ вазифадор мешаванд, ки ба будҷети давлати ин кишвар андоз супоранд.
-
Mar 13, 2019
Музейи яхмос дар соли 2016 мелодӣ дар Манҳеттени Ню-Йорк ифтитоҳ шуд. Макети яхмос, ғори шоколад, ширинӣ ва фурӯшгоҳ аз бахшҳои ин музей ҳастанд. Боздидкунандагон шавқи зиёде доранд, то бо "нигора"-ҳои аз ширинӣ сохташудаи ин музей акси селфи бигиранд.
-
Mar 13, 2019
Созмони дифоъ аз ҳуқуқи масрафкунандагон дар Тоҷикистон бо интишори баёнияе тасмими Хадамоти алоқаи ин кишвар барои афзоиши нархи интернет дар ин ҷумҳурӣ аз 27 марти соли равонро иқдоми зиёнбор унвон кардааст.