Март 13, 2019 20:57 Asia/Dushanbe
  • Қадрдонии оятуллоҳ Систонӣ аз нақши дӯстони Ироқ дар пирӯзӣ алайҳи ДИИШ

Оятуллоҳ Систонӣ, марҷаи бузурги мусалмонони ҷаҳон зӯҳри имрӯз дар дидори Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Наҷафи Ашраф, бо истиқбол аз тавсеаи равобити Ироқ бо ҳамсоягон, аз нақши “дӯстон” –и ин кишвар дар ғалаба бар террористҳои ДИИШ қадрдонӣ кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, оятуллоҳ Систонӣ афзуд, ки аз ҳар гуна гоме дар тавсеаи равобити Ироқ бо ҳамсоягонаш бар мабнои манофеи ду тараф ва эҳтиром ба ҳокимият ва дахолат накардан дар умури дохилии якдигар истиқбол мекунад.

Ин олими раббонӣ бар зарурат дар пеш гирифтани сиёсатҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ бар мабнои тавозун ва эътидол таъкид кард ва гуфт, ки миллатҳо бояд аз хисорот ва ранҷҳо беш аз ин дур бимонанд.

Оятуллоҳ Систонӣ бо ишора ба ҷанги мардуми Ироқ бо ДИИШ ва фидокориҳои ироқиҳо дар пирӯзӣ бар ин гурӯҳак, аз нақши дӯстони Ироқ дар таҳаққуқи ин пирӯзӣ таҷлил кард.

Ҳасани Рӯҳонӣ низ дар ин дидор бо ироаи гузорише аз натоиҷи гуфтугӯҳояш бо мақомоти ироқӣ, дастовардҳои сафари худ ба Ироқро дар заминаи тавсеаи равобити дуҷониба бар мабнои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ шарҳ дод.

 

Барчасп