-
Таъкиди Эмомалӣ Раҳмон бар идомаи сиёсати дарҳои боз дар Тоҷикистон
Апрел 12, 2017 05:56Сафирони тозамансубшудаи панҷ кишвар устуворномаҳои худро ба Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карданд.
-
Арзиши доллар аз 9 сомонӣ фаротар рафт
Апрел 12, 2017 05:28Бонки миллии Тоҷикистон нахустин бор дар 15 соли ахир арзиши расмии долларро беш аз ҳашт сомониву 44 дирам таъйин кард, ки ин рақам дар бозори муомилоти арзии ин кишвар ба 9 сомониву 44 дирам расидааст.
-
Беҳбуди ҷойгоҳи Тоҷикистон дар бахши гардишгарӣ
Апрел 12, 2017 05:00Дар соли гузаштаи 2016 ҷойгоҳи Тоҷикистон дар рутбабандии ҷаҳонии гардишгарӣ беҳбуд ёфт ва ин кишвар дар рутбабандии ҷаҳонӣ 12 зина боло омад.
-
Русия ва Тоҷикистон ҳанӯз бар сари парвозҳо тавофуқ накардаанд
Апрел 12, 2017 04:10Мақомоти Вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон эълом карданд, бо вуҷуди музокироти дурӯзаи ҳайатҳое аз идороти ҳавопаймоии кишварии ин ҷумҳурӣ ва Русия дар Маскав барои поён додан ба ихтилофоти парвозии ахир, ҳанӯз ҳам тарафҳо ба тавофуқ нарасидаанд.
-
Кушта шудани ҳашт ҷангҷӯи тоҷикистонӣ дар шимоли Афғонистон
Апрел 10, 2017 07:13Мақомоти низомии Афғонистон аз кушта шудани ҳашт ҷангҷӯи тоҷикистонӣ дар амалиёти вижаи нерӯҳои давлатӣ алайҳи гурӯҳи Толибон, дар ноҳияи Дашти Арчӣ аз тавобеъи вилояти Қундуз дар наздикии марзи ин кишвар бо Тоҷикистон хабар додаанд.
-
Ваъдаи сабукии молиёт ба афроди некӯкор дар Тоҷикистон
Апрел 10, 2017 04:39Кумитаи давлатии молиёти Тоҷикистон ба фаъолони бахши хусусӣ ва афроди некӯкор ваъда додааст, ки дар сурати сохти манзили истиқомативу иншооти дигарро сохта, бепул (ройгон) дар ихтиёри давлат ё истифодаи умум бигузоранд, барои онон осонии андоз дода хоҳад шуд.
-
Тоҷикистон содироти барқ ба Афғонистонро афзоиш дод
Апрел 09, 2017 11:30Тоҷикистон бо судури ҳудуди ду миллиону 600 ҳазор киловатт соат барқ ба Афғонистон, дар моҳи гузашта мизони содироти барқи тавлидии худро ба ин кишвар афзоиш дод.
-
Трансформатори ҷадиди тавзеъи барқ барои нерӯгоҳи барқи обии Норак
Апрел 09, 2017 06:25Дафтари намояндагии Бонки рушди Осиё аз интиқоли трансформатори ҷадиди тавзеъи барқ, барои неругоҳи барқи обии Норак аз Туркия ба Тоҷикистон хабар дод.
-
Имкони тамдиди эътибори гувоҳиномаи ронандагони хориҷӣ дар Русия то як соли дигар
Апрел 08, 2017 04:28Бо тасвиби ислоҳия дар қонуни муқаррароти ҳамлу нақл дар Думаи давлатии Русия, имкони тамдиди эътибори гувоҳиномаи ронандагии коргарони муҳоҷири хориҷӣ то аввали июни соли 2018 фароҳам хоҳад шуд.
-
Ҳушдори Вазорати нақлиёти Тоҷикистон: Муқобила ба мисл мекунем
Апрел 04, 2017 16:07Зиёратшоҳи Аҳмадшоҳ: Ихтилофи вазоратхонаҳои нақлиёти Русияву Тоҷикистон бар сари парвози ҳавопаймоҳо бо тасмими ахири тарафи тоҷик вориди марҳалаи ҳассосе шудааст.