Сентябр 11, 2022 18:31
Носири Канъонӣ, сухангуи вазорати хориҷаи Эрон шанбешаб дар вокуниш ба баёнияи ғайрисозанда ва хилофи ҳусни нияти се кишвари аврупоӣ дар мавриди музокироти рафъи таҳрим, гуфт, боиси тааҷҷуб ва таассуф аст, ки дар шароите, ки таъомулоти дипломатӣ ва табодули паём миёни тарафҳои музокира ва ҳамоҳангкунандаи гуфтугӯҳо барои ниҳоӣ кардани музокирот ҷараён дорад, се кишвари аврупоӣ дар иқдоме инҳирофӣ ва ба дур аз рӯйкарди натиҷабахш дар музокирот, иқдом ба судӯри чунин баёнияе мекунанд.