-
10 то 20 сол зиндон ба иттиҳоми узвият дар Ҳаракати исломии Узбакистон
Октябр 04, 2017 11:13Додгоҳи вилояти Суғд се сокини ин минтақаро ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи мамнуаи Ҳаракати исломии Узбакистон ва талош барои амалиёти террористӣ дар идораи полиси ноҳияи Ҷаббор Расулов ба зиндон маҳкум кард.
-
Аз 7 то 17 сол дархости зиндон барои кормандони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон
Сентябр 13, 2017 09:09Намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон барои шаш нафар аз кормандони боздоштшудаи Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии ин кишвар аз 7 то 17 соли зиндон дархост кардааст.
-
Дархости 5 то 8 сол зиндон барои рӯҳонии боздоштшудаи тоҷик
Август 22, 2017 09:49Ба гуфтаи наздикони Домулло Нӯъмонхони Истравшанӣ, дар ибтидо барои ӯ мувофиқи моддаи 307-и Кодекси ҷиноятии ҶТ, аз 5 то 8 сол ҳукми зиндон таъйин кардаанд, вале ин ҳукм ба 3 сол коҳиш дода шуд. Аммо, бар асоси гуфтаи бастагон, иттиҳомашон ҳанӯз маълум нест.
-
Се сол зиндон барои роҳиби калисои протестант дар Хуҷанд
Август 07, 2017 09:32Додгоҳи шаҳри Хуҷанд як роҳиби калисои протестант дар маркази вилояти Суғдро ба иттиҳоми ифротгарӣ ба се сол зиндон маҳкум кард.
-
15 соли зиндон барои як узви ДИИШ дар Тоҷикистон
Август 05, 2017 10:10Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе як шаҳрванди пойтахти Тоҷикистонро ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо гурӯҳи террористи ДИИШ ба 15 соли зиндон маҳкум кард.
-
Маҳкумияти ду мақоми Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон ба беш аз 10 сол зиндон
Август 01, 2017 14:37Додгоҳи олии Тоҷикистон Давлатбек Хайрзода, собиқ ноиби раиси Оҷонсии зидди фасодро ба 10 солу 7 моҳи зиндон маҳкум кардааст.
-
14 соли зиндон ба ҷурми ҳамкорӣ бо ДИИШ
Июл 29, 2017 09:32Додгоҳи ноҳияи Шаҳринав, дар ғарби Душанбе як сокини ин ноҳияро ба иттиҳоми ҷазби афрод ба гурӯҳи террористии ДИИШ ба 14 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард.
-
Гуруснанишинии Ғаффор Мирзоев дар зиндон
Июл 27, 2017 21:17Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи собиқи Горд миллӣ ва раиси пешини Оҷонсии давлатии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон, ки аз соли 2006 дар боздоштгоҳи муваққат басар мебарад, гуруснанишинӣ кардааст.
-
Тоҷикистониҳо бештарин зиндониёни хориҷӣ дар Русия
Июл 26, 2017 09:19Шаҳрвандони Тоҷикистон дар миёни шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил бештарин шумори зиндониёнро дар Русия ташкил медиҳанд.
-
Ҳашт сол зиндон барои мубаллиғи ДИИШ дар Тоҷикистон
Июл 19, 2017 10:07Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар вилояти Суғд яке аз сокинони ин минтақаро ба иттиҳоми таблиғи андешаҳои гурӯҳи такфирӣ – террористии ДИИШ ба 8 сол зиндон маҳкум кард.