Pars Today
Ҳайати ширкати «Полеметтал интернешнал»-и Русия дар дидор бо раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва мудирияти амволи давлатии Тоҷикистон алоқамандии худро барои сармоягузорӣ дар конҳои ин кишвар иброз кард.
Дар шаҳри Давҳа мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода бо Вазири давлатии корҳои хориҷии Давлати Қатар Султон бин Саъд ал-Мурайхӣ баргузор шуд.
Мудири омили ширкати сармоягузорӣ ва тавсеаи устони Бушеҳр (ҷануби Эрон) аз тасвиби эҷоди маркази тиҷорати Эрон бо Қатар дар Давҳа бо масъулияти Бушеҳр дар комиссияи ҳамкориҳои муштараки иқтисодии ду кишвар хабар дод.
Як ширкати амнияти блоки Чин )Blackchain( эълом кард, бештарини кулоҳбардориҳо бо истифода аз фурӯши токенҳои тақаллубӣ анҷом мешавад.
Вазири умури хориҷаи Чин дар дидор бо ҳамтои узбакистонии худ дар шаҳри Пекин бар таҳкими ҳамкориҳои ҳамаҷониба таъкид карданд.
Вазири роҳу нақлиёти ҷумҳурии Тоҷикистон дар дидор бо сафири Эрон дар ин кишвар омодагии кишвараш барои сармоягузорӣ дар бандари Чобаҳор ба манзури эҷоди таъсисоти лозим ҷиҳати транзити коло аз қаламрави Эронро эълом намуд.
Эрону Қирғизистон тафоҳумномаи эҷоди дафтари сармоягузории муштарак бо ҳадафи тавсеаи мубодилоти тиҷорӣ ва ҳамкориҳои зерсохтӣ имзо карданд.
Раиси ҷумҳурии Қирғизистон бо ҳадафи ҷалби назари сармоягузорони қатарӣ, бо мудири кулли Ожонси сармоягузории Қатар дар Африқову Осиё дидору гуфтугӯ кард.
Ҳамоиши байналмилалии сармоягузории Душанбе – 2023 дар шаҳри Душанбе оғоз шуд.
Вазири энержӣ ва манобеи оби Тоҷикистон аз қасди ин кишвар барои коҳиши 10 дарсадии талафоти барқ дар ояндаи наздик хабар дод.