Сентябр 18, 2022 17:59
Ҳазорон нафар аз шаҳрвандони фаронсавӣ дар ростои дархости Ҳизби ростгарои меҳанпарасатон дар майдони "Пале-Роял"-и Порис таҷаммуъ карда ва хостори истеъфои Эммануэл Макрон, раисиҷумҳури Фаронса шуданд. Ин сеюмин бор аст, ки ин Ҳизби ростгаро дархости тазоҳурот медиҳад ва пештар барои аввалин бор дар 3 сентябр аввалин тазоҳурот баргузор шуда буд. Дар тазоҳуроти кунӯнӣ истеъфои Макрон ва хурӯҷ аз Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) ҳадафи муътаризон унвон шуд.