Ноябр 18, 2023 19:48 Asia/Dushanbe
  • Таҷаммуъи хонаводаҳои асирони саҳюнист дар Қудси ишғолӣ

Манбаи расонаӣ, аз таҷаммуъи хонаводаҳои асирони саҳюнист ба ҳамроҳи 20 ҳазор нафари дигар аз ҳомиёни онҳо дар шаҳри Қудси ишғолӣ хабар дод.

Дар посух ба беш аз ҳафт даҳа ишғоли Фаластин ва беш аз даҳ сол муҳосираи Ғазза ва зиндону шиканҷаи ҳазорон фаластинӣ, Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) ҳафтуми октябр амалиёти «Тӯфони Ал Ақсо»-ро оғоз кард.

Муборизони Ҳамос дар чанд нуқта аз ҳисорҳои марзӣ ба дохили арозии ишғолӣ нуфӯз карда, ба рӯстоҳо юриши бурданду илова бар ба ҳалокати расондани шумори зиёде аз исроилиҳо, бархе аз онҳоро ба асорат гирифтанд.

Шабакаи “Ал Арабӣ”, ҳадаф аз ин таҷаммуъро дархост аз кабинаи режими саҳюнистӣ барои бозгардондани бастагони асири худ эълом кард.

Дар ин гузориш омадааст, пешбинӣ мешавад, ки мавзеи Тел Авив дар хусӯси қабули қарордоди мубодилаи асирон бо афзоиши фишори саҳюнистҳо ва Амрико тағйир кунад.

Тазоҳуроти эътирозомези ду рӯзаӣ низ тавассути ин хонаводаҳо аз Тел Авив то ҷилави мақари кабинаи Натанёҳу дар шаҳри Қудси ишғолӣ баргузор шуд.

Таҷаммуъи мушобеҳе низ ҷилави порлумони режими саҳюнистӣ баргузор шуду таҷаммуъкунандагон хоҳони посухе дар бораи барномаҳои сарони саҳюнист барои озодии бастагони худ шуданд.

Хонаводаҳои асирони саҳюнист якшанбеи гузашта ҳам зидди Бинямин Натанёҳу, нахуствазиру мақомоти режими саҳюнистӣ дар Тел Авив тазоҳурот карда ва шиор дода буданд.

 

Барчасп