Таҷаммуи эътирозии мардуми Теҳрон муқобили сафорати Фаронса
Мардуми Теҳрон ва ҷомеъаи ҳавзавиёни Эрон дар эътироз ба иҳонат ва беҳурмати нашрияи «Шарли Эбдо» ба мақоми шомихи марҷаъияти сиёсӣ ва динӣ, муқобили сафорати Фаронса дар Теҳрон таҷаммуъ карданд.
Ба гузориши ИРНА, мардуми Теҳрон ва ҷомеъаи ҳавзавиёни Эрон дар ин таҷаммуъ бо дар даст доштани навиштаҷотҳое бо мазмӯни «марг бар Исроил ва Англия, раҳбар агар фармон диҳад, ҷонро фидояш мекунем» иқдоми нашрияи фаронсавӣ дар тавҳин ба мақоми шомихи марҷаъияти сиёсӣ ва диниро маҳкӯм карданд ва ба ёвагӯиҳои ин нашрияи ҳатток ва давлати Фаронса дар ҳимоят аз ҳаттокон посухи қотеъона доданд.
Ин таҷаммуъ бо қироаати оёте аз Қуръони Маҷид шурӯ шуду таҷаммуъкунандагон бо шиорҳои Аллоҳу Акбар инзиҷори худро аз иқдоми маҷаллаи фаронсавӣ эълом карданд.
Нашрияи фаронсавии «Шарли Эбдо», ки пештар ба соҳати муқаддаси Паёмбари Ислом (с) иҳонат карда буд, ахиран мусобиқае бо ҳадафи нашри карикатурҳои тавҳиномез ба марҷаъияти динӣ ва сиёсӣ баргузор кард, ки интиқодоти зиёде ба ин нашрия ва ҳамчунин сиёсати Фаронса дар заминаи ончӣ ки озодии баён меномад, ба дунбол дошт.