-
Барқи Сангтӯда 1: Нерӯгоҳ наметавонад бифурӯшад ва Барқи тоҷик наметавонад бихарад
Феврал 02, 2021 21:35Мудирияти нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда 1 бо вуҷуди талошҳо барои фурӯши барқ ба харидорӣ ҷуз ширкати қарздори Барқи тоҷик дар ин амр муваффақ набудааст.
-
Ҷамъоварии 9 миллионсомонии қарзи барқ дар вилояти Суғд бо кумаки ВКД
Январ 21, 2021 14:40Коргурӯҳи вижаи назорат бар масрафи барқ дар вилояти Суғд ахиран бо кумаки кормандони Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд ҳудӯди 9 миллионсомонии ҳазинаи барқи пардохтнашударо ҷамъоварӣ карданд.
-
Нерӯгоҳи Сангтӯда -1 аз пардохти ҷаримаи молиётӣ озод шуд
Декабр 11, 2020 21:39Ҳукумати Тоҷикистон нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда – 1 - ро аз пардохти ҷаримаи молиётӣ барои соли 2021 озод кард.
-
Маҳдудияти барқ монеи рушди иқтисоди Тоҷикистон мешавад
Декабр 03, 2020 14:08Коршиносони Бонки Рушди АвруОсиё муътақиданд, ки маҳдудияти барқ дар Тоҷикистон монеи рушди иқтисоди ин кишвар мешавад.
-
Барқи тоҷик барқи муштариёни қарздорро қатъ мекунад
Ноябр 18, 2020 13:49Масъулони Ширкати давлатии барқи Тоҷикистон дастури қатъи бидуни қайду шарти барқи қарздорон дар бахшҳои саноатӣ, истеҳсолӣ ва хонагиро содир кардаанд.
-
Қарзи ширкатҳо аз андоз дар Тоҷикистон аз марзи 1 миллиард сомонӣ гузашт
Ноябр 13, 2020 20:45Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Нусратуллоҳ Давлатзода ҳангоми баррасии тарҳи буҷети Ҳукумати Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони ин кишвар гуфтааст, ки мизони қарзи корхонаҳо аз андоз дар 10 моҳи имсол ба 1 миллиарду 21 миллион сомонӣ расидааст, ки афзоиши беш аз 400 миллион сомонӣ дар соли ҷориро нишон медиҳад.
-
Далели дигари ширкати Барқи Тоҷик барои маҳдудияти барқ
Ноябр 03, 2020 22:35Ширкати давлатии Барқи Тоҷик далели маҳдудияти барқ дар баъзе манотиқи ин кишварро садама ба нерӯгоҳи барқи обии Норак унвон кард, ки сабаби аз кор мондани турбинаи дувуми ин нерӯгоҳ шудааст.
-
Афзоиши қарзи корхонаҳо аз андоз дар Тоҷикистон
Октябр 30, 2020 21:09Қарзи молиётӣ ё андози марказҳои саноатӣ ва хадамотӣ дар Тоҷикистон тайи даҳ моҳи соли ҷорӣ ба 1 миллиард сомонӣ (муодили 96 миллиону 600 ҳазор доллар) расид, ки аз оғози имсол 440 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст.
-
Қарзи Барқи Тоҷик ба неругоҳи Сангтӯда-1 ҳамчунон меафзояд
Октябр 26, 2020 15:04Мудирияти неругоҳи барқи обии Сангтӯда-1 аз афзоиши наздик ба 288 миллион сомонии қарзи ширкати давлатии Барқи Тоҷик ба ин неругоҳ дар 9 моҳи имсол хабар дод.