Ноябр 13, 2020 20:45 Asia/Dushanbe
  • қарзи корхонаҳо аз андоз аз як миллион сомонӣ убур кард
    қарзи корхонаҳо аз андоз аз як миллион сомонӣ убур кард

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Нусратуллоҳ Давлатзода ҳангоми баррасии тарҳи буҷети Ҳукумати Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони ин кишвар гуфтааст, ки мизони қарзи корхонаҳо аз андоз дар 10 моҳи имсол ба 1 миллиарду 21 миллион сомонӣ расидааст, ки афзоиши беш аз 400 миллион сомонӣ дар соли ҷориро нишон медиҳад.

Дар миёни ин ширкатҳову корхонаҳо номи нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда – 1” бо 115 миллиону 600 ҳазор сомонӣ қарз, нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” бо 43 миллион сомонӣ, ширкати алюминийи ТАЛКО бо 15 миллион сомонӣ, ширкати давлатии Хадамоти алоқа бо наздик ба 25 миллион сомонӣ ва Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе бо 71 миллиону 800 ҳазор сомонӣ қарз, ба унвони қарздорони бузурги андоз мушоҳида мешаванд.

 

Ин шохис афзоиши қарзи ин корхонаҳо танҳо тайи даҳ моҳи имсолро шомил мешавад.

Бахши азиме из ин қарзи андозӣ ва молиётӣ мутааллиқ ба ширкатҳо ва арокизи давлатӣ аст, ки имсол ба далели густариши вируси корона, бо афзоиши қобили мулоҳизае рӯ ба рӯ шудааст.

 

Бештар бихонед:

Ширкати Тоҷиктелеком ба пардохти қарз маҳкум шуд

Чин ба воридкунандагони маҳсулоташ ба Тоҷикистон қарз медиҳад

 

Барчасп