Раҳбари инқилоби исломӣ: Масоили кишварро ба гуфтугӯҳо гиреҳ назанем
Порс-Тудей. Раҳбари инқилоби исломӣ бо баёни инки гуфтугӯҳои Уммон яке аз даҳҳо кори Вазорати хориҷаи Эрон аст, гуфтанд: Масоили кишварро ба гуфтугӯҳо гиреҳ назанем.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон имрӯз – сешанбе, дар дидор бо масъулони аршади се қувва, бо парҳез додан аз хушбинӣ ва бадбинии ифротӣ ба натоиҷи гуфтугӯҳои Уммон таъкид карданд: “Риволи фаъолиятҳои кишвар барои таҳаққуқи аҳдоф дар ҳамаи заминаҳо бояд бо шитоби бештар идома ёбад ва ҳеҷ чиз ба натоиҷи музокирот гиреҳ зада нашавад”.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ пайгириро муҳимтар аз тасмим донистанду афзуданд: Дар кишвар қавонину муқаррароти хубу тарҳҳои лозим вуҷуд дорад, аммо камбуди пайгириҳо монеи таҳаққуқи қобили қабули аҳдоф мешавад. /Ирна