Русия: Мавзеи Амрико дар гуфтугу бо Эрон равшан нест
Апрел 23, 2025 11:34 Asia/Dushanbe
Порс Тудей - Намояндаи Русия дар созмонҳои байналмилалӣ дар Вена ибрози таассуф кард, ки наметавон гуфт, ки мавзеи Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар гуфтугуҳои ҳастаӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон равшан аст.
Михаил Улянов бо ишора ба изҳороти Масъуди Пизишкиён, раисиҷумҳури Эрон, ки гуфта буд, «мо омодаи муомила бо Амрико дар чорчӯби таъриф шуда ва бо ҳифзи манофеи миллӣ ҳастем», гуфт: Мавзеи Эрон равшан аст, вале мутаассифона наметавонем аз ҳамин таъриф дар мавриди мавзеи Амрико истифода кунем. Намояндаи доими Русия назди созмонҳои байналмилалӣ афзуд: Бояд сабр кунем, аммо наметавон барои муддати тӯлонӣ сабр кард. /ИСНА